Муроҷиати Пешвои миллат ба соҳибкорону тоҷирон: «Дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунед!»
ДУШАНБЕ, 12.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд», — таъкид намуданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон.
Пешвои миллат дар идома афзуданд, ки дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд.
«Тавре мушоҳида мекунем, дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад. Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд дорад», — зикр намуданд Сарвари давлат.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






