ОИНАЕ, КИ ДАР ОН ГУЗАШТАРО МЕТАВОН ДИД. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо

Май 18, 2018 15:00

ДУШАНБЕ, 18.05.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ибтидоан аз соли 1977  ҳамасола 18 май ҳамчун Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо  (International Museum Day) таҷлил карда мешавад. Аз соли 1978 инҷониб ин  ҷашн дар 150 давлати ҷаҳон таҷлил гардида, ташкили тамошои ройгон аз осорхонаҳо дар ин рӯз  ба ҳукми анъана даромадааст.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси таърихию фарҳангии кишвар, тақвияти ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва бедор намудани ифтихори ватандорӣ дар ниҳоди насли наврас ва ҷавон баргузории барномаи фарҳангию фароғатии «Шабе дар осорхона»-ро ба нақша гирифтааст.

Чорабинии мазкур бо дастгирии Шӯрои байналмилалии осорхонаҳо ва зери сарпарастии Шӯрои Аврупо ҳамасола дар яке аз шабҳои панҷрӯзаи сеюми моҳи май гузаронида мешуд. Соли 2006 шумораи иштирочиёни лоиҳаи «Шаби осорхонаҳо» зиёда аз 2000 осорхона аз 38 кишвари дунёро ташкил дода, соли 2015 ба беш аз 35 ҳазор осорхона аз 145 давлат расид.

Зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ташаббус ҷонибдорӣ гардида, ҳамасола 18 май аз соати 18:00 то 22:00 баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ дар доираи чорабинии «Шабе дар Осорхона» ба нақша гирифта шудааанд.

Аз ҷумла, соли равон низ дар доираи чорабинии мазкур барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо истифода аз либосҳои миллӣ намоиши мӯд ва аз ҷониби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар рафти сафарҳои расмии сарони давлатҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон намояндагони онҳо ҳатман аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан мекунанд ва бо худ армуғоне барои Осорхона тақдим мекунанд.

«Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухаммедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад қолинҳои дастбофти туркманӣ, 1 глобус бо тасвири харита ва парчамҳои Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон, амсилаи тиллоии сари гург (нусхаи бозёфти таърихӣ), муҷассамаи нуқрагини аспи ахалтекинӣ, сиккаи тилло баробар бо 100 манати туркманӣ, нусхаи ритони портӣ аз ш. Нисои қадим, китоби «Наврӯзнома» ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон эҳдо  гардидаанд», — иброз дошт Фаридун Кенҷаев.

Ҳамчунин як адад мусаввара бо номи «Савганди ҷовидонӣ», ки аз ҷониби рассом Ҷураев Ғ. Х. соли 2017 ба тасвир расидаасту ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо гардидааст, тақдими Осорхонаи миллӣ шуд.

Таъкид гардид, ки осорхона оинаест, ки ба гузаштаи дур назар кардану дарк сохтани ояндаи дурахшон имкон медиҳад, пас мебояд пайваста аз ин макони таърихию фарҳангӣ дидан намуд ва ба худ ғизои маънавӣ гирифт.

Зарангези ЛАТИФ,

АМИТ «Ховар»

Май 18, 2018 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид