ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИЗОМНОМАИ НАВИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИРО ТАСДИҚ НАМУДАНД. Роҳу усулҳо ва барномаи нави фаъолияти ин ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро котиби ҳамоҳангсози он дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» шарҳ дод

Май 21, 2018 15:51

ДУШАНБЕ, 21.05.2018./АМИТ «Ховар»/. Дар давоми бист соли фаъолияти худ Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ мекунанд, муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин намуд ва ба таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ кӯмак расонида, вазифаҳои таърихии худро иҷро кард. Дар рӯзҳои мо вазифаҳои нави дигари тақдирсоз дар назди ин ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ меистанд. Ибтикороти созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои истеҳсолии соҳибкорони хурду миёна ба хотири амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бояд идома ёбанд.

Дар суханронии худ дар машварати корӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ моҳи январи соли 2017  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза, аз қабили зуҳуроти номатлуби коррупсия ва афзоиши хатари терроризму ифротгароӣ ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мубориза ба муқобили ин хатарҳо на танҳо вазифаи давлат ва Ҳукумат аст, балки дар пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд.

Дар бораи роҳу усулҳо ва барномаи нави фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ котиби ҳамоҳангсози он Нуралӣ САИДОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт:

Тавре огоҳ ҳастем, дар Маҷмааи давлатии «Кохи Наврӯз»-и шаҳри Душанбе, 27-уми январи соли 2017 бахшида ба 20-солагии таъсиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардида буд.

Дар машварати корӣ на танҳо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзои Ҳукумат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Бори нахуст аст, ки ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар чунин шакл ва сатҳи баланд баргузор мегардад.

Раиси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ суханронӣ намуда, Шӯрои ҷамъиятиро вазифадор карданд, ки минбаъд дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар доираи фаъолиятро пурзӯр намоянд, созмонҳои нав ва ташкилоту иттиҳодияҳоеро, ки ташаббусу ибтикороти созанда доранд, ба Шӯро ҷалб шаванд, бахусус аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони болаёқат бештар ба Шӯрои ҷамъиятӣ аъзо гарданд. Дар баробари ин таъкид шуд, ки Низомномаи Шӯро таҷдиди назар гардида, вобаста ба ворид шудани Тоҷикистон ба марҳилаи нави иқтисодию иҷтимоӣ такмил дода шавад.

Пешвои миллат инчунин қайд карданд, ки Шӯрои ҷамъиятӣ дар таҳияи қонунҳои миллӣ саҳм гузорад, пешниҳодҳои худро барои такмили барномаҳои стратегии давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор манзур намояд, аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода карда, ҳамчун воситаи муколамаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳокимияти давлатӣ дар оянда низ корҳои назаррасро ба анҷом расонад.

Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ, ҷиҳати иҷрои супориши Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи такмили Низомномаи Шӯрои ҷамъиятӣ гурӯҳи кориро дар ҳайати мутахассисони варзида, ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дод.

Гурӯҳи корӣ дар муддати фаъолияти худ фикру андеша ва мулоҳизаву пешниҳодҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятиро ҳамаҷониба омӯхта, таҷрибаи фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон ва Федератсияи Россияро низ мавриди омӯзиш қарор дода, лоиҳаи нави Низомномаи Шӯрои ҷамъиятиро омода намуд.

Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи такмилшудаи Низомнома ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ҷиҳати гирифтани фикру мулоҳиза, андешаҳо ва пешниҳодҳои онҳо ирсол гардид.

Котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ якҷо бо Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бо назардошти пешниҳодҳои вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Низомномаро такмил дод. Лоиҳаи такмилшуда бо сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва ба забони русӣ тарҷума гардид.

Санади мазкур 27-уми декабри соли 2017 дар ҷаласаи васеи Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аъзои Шӯро лоиҳаи мазкурро маъқул донистанд ва барои тасдиқ намудан ба Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7-уми апрели соли 2018 лоиҳаи такмилёфтаи Низомномаи Шӯрои ҷамъиятиро ба имзо расониданд.

Дар Низомномаи такмилшуда бандҳои нави ваколатҳои Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои Котиботи Шӯро, мақоми  ҳуқуқии котиботи Шӯро инчунин иловаҳои нав ба ваколатҳои Шӯро, кори кумитаҳои соҳавӣ, комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории Шӯро муқаррар карда шудаанд, ки ин таҷрибаи аввал дар тӯли фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аст.

Тибқи Низомнома Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми намояндагӣ, таҳлилию машваратӣ ва ҳамоҳангсозиро доро буда, мақсади асосии он ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии озод дар Тоҷикистон ва мусоидат ба рушди давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад.

Меҳвари фаъолияти серпаҳлӯи Шӯроро намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиро, пеш аз ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматиро намояндагӣ мекунад. Хусусияти хоси Шӯрои ҷамъиятӣ аз он иборат аст, ки аъзои он на шахсони алоҳида, балки ташкилотҳои ҷамъиятие мешаванд, ки ҳамаи усулҳо ва муқаррароти онро дастгирӣ менамоянд, метавонанд ба узвияти Шӯро пазируфта шаванд ва ин узвиятро бо имзои худ тасдиқ намоянд.

Шӯро ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунии шаҳрвандони алоҳида, ҳамчунин ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки аъзои Шӯро мешаванд аҳамият дода, ин гуна зуҳуротро таҳқиқ мекунад ва ба мақомоти дахлдор бо тавсияҳо муроҷиат менамояд.

Айни замон 77 (ҳафтоду ҳафт) ташкилоти ҷамъиятӣ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ мебошанд. Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ дастури Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар машварати корӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ 27-уми январи соли 2017 дар самти ба сафи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҷалби созмонҳои нав, ки ташаббуси созанда доранд, амалӣ намуда истодааст. Дар соли 2017 Ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ба узвияти Шӯро пазируфта шуд.

Шӯрои ҷамъиятӣ моҳиятан  ниҳоди машваратист. Бо ин мақсад, ҷиҳати таъмини гуфтушуниди доимии қувваҳои гуногуни ҷамъиятию сиёсӣ бо мақсади ба даст овардани тавозуни манфиат ва ақидаҳо, ҳамчунин рушди гуногунандешии мафкуравӣ ва сиёсӣ фаъолиятро дар ин самт ба таври густурда ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ Шӯрои ҷамъиятӣ майдони фарох, минбари озод барои муколамаи доимӣ миёни ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар он масъалаҳои доғи рӯз дар сатҳи тахассусии баланди коршиносон таҳлил ва баррасӣ гардида, роҳҳои ҳалли дурусти онҳо дарёфт мешаванд. Шӯрои ҷамъиятӣ аъзои худро сарфи назар аз гуногунандешии сиёсӣ, ҳангоми ба миён омадани масъалаҳои муҳиме, ки манфиатҳои милливу давлатӣ аз онҳо вобастагӣ доранд, дар атрофи як андешаи созанда муттаҳид карда метавонад.

Фаъолияти бистсолаи Шӯрои ҷамъиятӣ собит сохт, ки он  ташкилоти ҷамъиятии фаъол буда, ҳамеша дар пайи амалишавии ташаббусҳои нав дар ҷомеа мебошад. Дар дигар кишварҳо шӯроҳои ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд, аммо онҳо аз ҷиҳати сохтор, вазифаҳо ва самтҳои фаъолият аз Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба куллӣ фарқ доранд. Хусусияти хоси Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон боз дар он зоҳир мегардад, ки Шӯро дар муддати бист соли фаъолияташ ба мактаби гуногунандешӣ, муошират ва минбари музокироту мубодилаи афкор табдил ёфт.

Фаъолияти Шӯрои ҷамъиятиро бидуни нақши ҳамоҳангсозӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Он ҳамчун ниҳоди муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамкориро миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мемонад. Инчунин, Шӯро сохтори ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ буда, дастуру супоришҳои Раиси Шӯроро иҷро менамояд, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишварро низ ҳамоҳанг месозад.

Пешбурди фаъолияти Шӯро бидуни таҳлили амиқу хулосабарории ҳаматарафа имкон надорад. Таҳлили вазъияти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа, ҳангоми зарурат, муҳокимаи лоиҳаи қонунҳо, гузаронидани ташхис ва таҳлили онҳо, баррасии ҷамъиятии масоили муҳимми иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва тағйироте, ки дар он рух медиҳанд, ҳамчунин пешниҳодҳои мушаххас оид ба пешрафту такмили онҳо кори доимии Шӯрост.

Самти дигари доираи фаъолияти Шӯро ба таҳияи барномаҳо ва консепсияҳо, ки ба таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ташаккули муҳити зисти мусоид, мониторинги ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, равона гардидааст.

Шӯрои ҷамъиятӣ дорои  ваколатҳои назоратӣ буда, бо мақсади мувофиқа кардани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо Шӯро нақшаи кории онҳоро меомӯзад, баррасии  ҳисоботи онҳоро тибқи ҷадвали алоҳида дар Шӯро таъмин мекунад, рафти иҷрои қарор ва супоришҳоеро, ки барои иҷрои онҳо шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо масъуланд, назорат менамояд.

Доираи фаъолияти  кумитаҳои соҳавӣ, комиссияҳо ва гурӯҳҳои кории Шӯро васеъ гардида, онҳо  оид ба фаъолияти худ дар шаш моҳ як маротиба ба котиботи Шӯро ахбор пешниҳод мекунанд.

Котиботи Шӯрои ҷамъиятӣ чун ҳамаи ниҳодҳои воқеӣ мақоми  ҳуқуқӣ дошта, дар доираи муқаррароте, ки Низомнома муайян намудааст, амал мекунад.

Шӯрои ҷамъиятӣ шакли ҳамкории сиёсию иҷтимоии миёни мақомоти ҳокимияти  давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ба сифати шарики боэътимоди давлат муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ — ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин менамояд.

Шӯрои ҷамъиятӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа мусоидат намуда, алайҳи зуҳуроти номатлуби ҷомеа, чун терроризм, экстремизм, терроризми байналмилалӣ, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, коррупсия, пайравӣ ба арзишҳои бегона ва маҳалгароӣ муқовимат менамояд.

Инчунин, Шӯрои ҷамъиятӣ, дар амалисозии се ҳадафи стратегии давлат — таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ва инчунин, дар татбиқгардонии барномаву нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамуҳлат – то соли 2021 ва иҷрои Стратегияи миллии рушд дар давраи то соли 2030 фаъолона ширкат менамояд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ тамоми шароитҳои заруриро фароҳам овардааст. Пеш аз ҳама санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ки ба демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудаанд қабул гардидааст. Сиёсати фаъолонаро, ки барои ба эътидол овардани иқтисодиёти кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нигаронида шудааст пеш бурда истодааст. Инчунин, ба созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ ва ташкилотҳои динӣ барои истифодаи воситаҳои ахбори омма имкониятҳои баробар фароҳам оварда шудааст.

Ҳадафи дигари Шӯрои ҷамъиятӣ ҷустуҷӯ ва татбиқи шаклҳои нави шарикӣ (ҳамкориҳо), махсусан, байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тарафҳои дигари манфиатдор бо мақсади ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеа мебошад.

Тибқи Низомномаи такмилшуда ба ваколатҳои Шӯро иловаҳои нав ворид гардиданд. Тибқи онҳо Шӯро ҳисоботи шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ мекунад, иҷрои дақиқи тавсияҳо, изҳороту муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар санадҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯро қабул карда мешаванд, таъмин менамояд, бо пешниҳоди Раиси Шӯро масъалаи қабули аъзои нави Шӯрои ҷамъиятиро баррасӣ менамояд, ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳое, ки аз Низомнома ва Кодекси одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ бармеояд, амал мекунад, бо пешниҳоди Комиссияи Шӯро оид ба одоби аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ баррасии масъалаи аз ҳайати Шӯро хориҷ намудани аъзои Шӯрои ҷамъиятиро мавриди муҳокима қарор медиҳад.

Ҳамчунин, ба Низомнома банди нав оид ба ваколатҳои Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ ворид гардид. Ин ваколатҳо чунинанд: Раис роҳбарии умумии фаъолияти Шӯро ва шӯроҳои ҷамъиятии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳоро амалӣ менамояд, ҳангоми иштирок дар ҷаласаҳои Шӯро онро раисӣ мекунад, нақшаи солонаи кори Шӯроро тасдиқ менамояд, ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯроро даъват мекунад, дар ҳолати ҳузур надоштанаш дар ҷаласаҳои Шӯро намояндаи комилҳуқуқи худро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шӯро таъмин мекунад, масъалаҳоро барои баррасӣ ба Шӯро пешниҳод менамояд, санадҳои дахлдори аз ҷониби Шӯро қабулгардидаро имзо мекунад, созишномаҳои басташударо оид ба ҳамкориҳо, ки миёни Шӯро ва шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ имзо мекунад, бо ризоияти Шӯро котиб-ҳамоҳангсозро таъин мекунад, котиботи Шӯроро таъсис медиҳад ва дигар вазифаҳоро, ки барои татбиқи ҳадафҳои Низомнома равона гардидаанд, иҷро менамояд.

Аслан, тамоми фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ аз ибтидои таъсисёбӣ то имрӯз таҳти назорат ва раҳнамоии бевоситаи Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад. Пешвои миллат ҳамеша аз фаъолияти Шӯро, ҷараёни баҳсу мунозираҳо, масъалагузориҳо ва дархостҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ба тариқи гузориш хабардор карда мешаванд. Гузашта аз ин, пешниҳодҳои муҳим ва созандаи аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар ҷаласаҳои он иброз гардидаанд, аз ҷониби Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд ва дар матни паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ҳангоми таҳияи барномаву консепсияҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаю чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ ба инобат гирифта мешаванд.

Тибқи банди нав дар Низомнома бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки Шӯро котиботи Шӯро дорои ҳуқуқ ва уҳдадориҳои зерин гардид: фаъолияти мунтазами Шӯроро таъмин мекунад, дар мувофиқа бо раиси Шӯро мавзӯъ ва рӯзи баргузории ҷаласаи Шӯроро муқаррар менамояд, омодагӣ ва баргузории ҷаласаҳои Шӯроро таъмин мекунад, дар муддати на кам аз се рӯзи пеш аз ҷаласаи Шӯро аъзои Шӯроро бо рӯзнома, барнома ва маводи ҷаласа таъмин менамояд, баъди бо намояндаи комилҳуқуқи Раиси Шӯро мувофиқаи пешниҳоди Комиссияи Шӯро оид ба одоби аъзои Шӯро дар бораи аз узвияти Шӯро хориҷ намудан, масъалаи мазкурро ба рӯзномаи ҷаласа ворид менамояд, ҳамчунин баъди қабули қарори дахлдори Шӯро оид ба ин масъала ба Раиси Шӯро ахбор манзур мекунад, лоиҳаи нақшаи солонаи кори Шӯроро бо дар назар доштани муҳокимаи он дар ҷаласаи Шӯро такмил дода, барои тасдиқ ба Раиси Шӯро пешниҳод мекунад, рафти иҷрои қарорҳои Шӯро ва дастуру супоришҳои Раиси Шӯро, инчунин кори комиссия, кумита ва ё гурӯҳҳои кории Шӯроро зери назорат қарор медиҳад, протоколҳои ҷаласаи Шӯроро имзо мекунад, ҷиҳати таъмини иҷрои тавсияҳо, изҳорот, муроҷиатномаҳо, лоиҳаи ҳуҷҷатҳо ва дигар қарорҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯро қабул шудаанд, ба мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ муроҷиат менамояд.

Банди нави Низомнома фаъолияти таблиғотии Шӯрои ҷамъиятиро муассиртар месозад. Минбаъд, доираи фаъолияти таблиғотии Шӯрои ҷамъиятӣ васеъ гардида, Шӯро дар доираи салоҳияти худ ва бо мақсади амалӣ намудани талаботи Низомнома назарсанҷӣ, муколама, мизҳои мудаввар, конференсия ва семинарҳо баргузор менамояд.

Ҳамин тариқ, Низомномаи такмилшуда ба Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳамчун шарики боэътимоди давлат фаъолияташро вобаста ба таҳаввулоти замони муосир ба роҳ монад, таваҷҷуҳи худро ба ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ-иҷтимоӣ, муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инкишофи раванди демократикунонии ҷомеа ва инчунин идомаи муколамаи озод миёни мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ равона гардонад. Якҷо бо шӯроҳои ҷамъиятии дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои кишвар амалкунанда, ҷиҳати татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ менамояд.

Май 21, 2018 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар панҷ соли оянда дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ беш аз 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Шуруъ аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Шаҳринав расонида шуданд
Ба кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Кӯлоб кумак ва туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои шаҳри Ҳисор туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷалолиддини Балхӣ туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим шуданд
Кумакҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон расонида шуданд
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони ятими минтақаи Рашт расонида шуданд
Кумакҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе расонида шуданд
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид