ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДАВУ ИН ОБШОРОН ЗИНДА БОД!..

Май 3, 2018 14:12

ДУШАНБЕ, 03.05.2018  /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли равон ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон, суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди арҷманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода 107 сол пур шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 14 октябри соли 2011 зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба ифтихори 100 — солагии устод Мирзо Турсунзода, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созмони байналмилалии ЮНЕСКО сурат гирифт, гуфта буданд: «Барои ман боиси ифтихори бузург аст, ки дар ду ҷашни пуршукӯҳ — маҷлисҳои ботантанаи 90-солагӣ ва 100-солагии шоири шаҳирамон устод Мирзо Турсунзода ширкат ва суханронӣ менамоям. Ҳанӯз даҳ сол пеш дар бузургдошти устод зикр карда будам: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин — дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

Воқеан, хизмату талошҳои устод дар роҳи ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, посдории нангу номуси Ватан, ифтихори баланди давлатдорӣ, пойдории сулҳу амният ва ваҳдати халқи ҷаҳон беназир буда, мо дар ин матлаб тасмим гирифтем, ки танҳо перомуни мавқеи таъбирҳо дар достони «Ҷони ширин» — и устод назари хешро баён созем.

Достон бо забони содаву равон ва образнок навишта шуда, зуҳуроти тафаккури бадеии шоирро дар бар мегирад. Фикрҳои баланд, ки дар шакли дилписанд ифода гардидаанд, натиҷаи мушоҳидаҳои зиндагии халқҳои гуногуни олам, натиҷаи огоҳ будани шоир аз фикру андешаҳои мардуми мубориз, сулҳпарвар ва озодихоҳ буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки адиб донандаи хуби забони адабии тоҷик аст. Ҳамин содагии баён ва маънии баланд буд, ки шеъри шоирро писанди умум гардонд.

Мирзо Турсунзода ҳангоми эҷоди асарҳояш аз боигарии таркиби луғавии забон, махсусан таъбирҳо — воҳидҳои фразеологӣ хеле фаровон истифода кардааст. Воҳидҳои фразеологӣ бо ифодаи маъно, мавқеи истеъмол ва вазифаҳои синтаксисӣ ба калимаҳо наздик бошанд, бо сохти таркибии худ аз онҳо фарқ мекунанд. Ифодаи маънои яклӯхти ба ҳиссаҳо ҷудонашаванда аз хусусиятҳои муҳими воҳиди фразеологӣ аст.

Достон бо ибораи «Ҷони ширин» оғоз гардида, дар даҳ боби дигар такрор мешавад:

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун,

Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

Дар ин байт ибораҳои рехтаи «Ҷони ширин» ( азиз ) ва «дилтангам макун», яъне «дилтанг шудан» (зиқ шудан) кор фармуда шудаанд, ки қисми аз ҳама муъҷаз, рехтаву устувор ва пуробуранги воҳидҳои фразеологиро ташкил медиҳанд ва онҳоро дар истилоҳи забонӣ идиома (аз юнонӣ «idioma» — ибораи махсус) меноманд. Хусусияти ибораҳои рехта он аст, ки маъниашон бо маънии калимаҳои таркиби ибора мувофиқат намекунанд.

Ё дар ҷои дигар шоир мегӯяд:

Ҷони ширин, дар ҷавонӣ сохтем,

Хонае ҳарду, ба ӯ дил бохтем.

Ибораи рехтаи «дил бохтан», яъне ба маънии «дӯст доштан» омадааст. Ибораи рехтаи «дар гирифтан» — ба ғазаб омадан дар байти зерин чунин омадааст:

Аз Ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт,

Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

Гурӯҳи дигари таъбирҳо, ки адиб дар достон мавриди истифода қарор додааст, ифодаҳои фразеологӣ мебошанд:

Гар зане лаб каҷ намояд, ғам махӯр,

Менамояд ҳазл шояд, ғам махӯр.

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Хусусияти фарқкунандаи ифодаҳои фразеологӣ аз идиомаҳо дар он аст, ки яке аз калимаҳои таркиби он ҳатман ба маънои аслии худ меояд. Чунончи, вожаҳои «ғам», «рӯз» дар ибораҳои боло ба маънии аслии худ омадаанд.

Дар байти дигар :

Он беҳ, ки зи сабр рух натобам,

Бошад, ки муроди дил биёбам.

Ин ҷо «муроди дил биёбам» ба маънои ба «муроди дил расидан» омадааст ва калимаи мурод бошад ба маънои аслӣ истифода шудааст.

Баъзе воҳидҳои фразеологӣ аз ҷиҳати ҷойивазкунии ҷузъҳои дохилиашон аз ҳам фарқ мукунанд. Дар ин маврид вариантҳои нави таъбирҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳодисаи ҷойивазкунии ҷузъҳои таркиби

фразеологизмҳо дар забони назм бо тақозои қонунҳои шеърӣ зоҳир мегардад. Масалан:

Чор гардад чашми онҳо дар раҳам,

Гум занад дилҳои онҳо дам ба дам.

Шакли маъмули ин таъбирҳо «чашм ба роҳ чор шудан» ва «дил гум задан» аст.

Ё дар ҷои дигар:

Лек чашмонаш шарар мерехтанд,

Хуни ҳасрат аз ҷигар мерехтанд.

Борҳо ин мард зиндон дидааст,

Дар сари мӯ бозии ҷон дидааст.

Печу тобаш мисли мавҷи об буд,

Обҳои ноҳаи Панҷоб буд.

Ибораҳои маҷозии «Хуни ҳасрат аз ҷигар рехтан», «Дар сари мӯ бозии ҷон дидан», «чун мавҷи дарё печу тоб хӯрдан» мазмуни байтҳоро боз ҳам баландтар намудаанд.

Мирзо Турсунзода чун як фарди тоҷик ва донандаи хуби забони тоҷикӣ аз нозукиҳои он бархӯрдор буда, барои боз ҳам пуробуранг ва образнок шудани сухан аз ибораҳои маҷозӣ истифода бурдааст. Дар достони «Ҷони ширин» камолоти ҳақиқии шеъру ҳунари суханварии Мирзо Турсунзода бараъло намоён гаштааст.

Мехоҳем бо ин мисраҳои устод Лоиқ Шералӣ ин сатрҳои ёдбудро ба поён бибарам:

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод,

Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!..

 

Сайёра ҒАФУРОВА,

и. в. дотсенти кафедраи филологияи

Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

ба номи Мирзо Турсунзода

Май 3, 2018 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид