Варзишгарони навраси тоҷик дар шаҳрҳои Тошканд ва Бейрут 4 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 10 май дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ва дар шаҳри Бейрути Лубнон Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон оғоз шуд, ки варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали ҳарду мусобиқа сазовори 4 медал шуданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар шаҳри Тошканд рӯзи аввал варзишгарони навраси қораи Осиё дар 5 вазн – 44 кг, 48 кг, 51 кг, 55 кг ва 60 кг барои медалҳо рақобат карданд. Варзишгарони тоҷик дар 4 вазн қувваозмоӣ намуданд. Асламҷон Азизов дар вазни 45 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ӯ дар даври муқаддамоти бар варзишгари мизбон Ҳусанхон Юсуфхонов ва варзишгари японӣ Дайго Сакамото пирӯз шуда, ба даври нимфинал баромад. Дар ин давр аз варзишгари Эрон Амирризо Деҳбозоргӣ, ки медали тиллои вазни 45 кг-ро сазовор шуд, мағлуб гашт. Сипас, дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм бар варзишгари туркман Арсланбек Закирбаев ғолиб омад. Варзишгари дигари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 51 кг сазовори медали нуқра шуд. Фирӯз рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, нахуст бар варзишгари туркман Тоҳир Шодиев, баъдан бар намояндаи Ҳиндустон Лайшрам Мейтей ғалаба карда, ба финал баромад. Дар финал аз варзишгари японӣ Ватару Сасакӣ шикаст хурд.
Ёдовар мешаваем, ки рақобатҳо имрӯз дар вазнҳои 65 кг, 71 кг, 80 кг, 92 кг ва 110 кг идома меёбад.
Дар шаҳри Бейрут низ дар рӯзи аввали Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон варзишгарони тоҷик 2 медал ба даст оварданд. Сулаймони Ҷамшед дар вазни 60 кг медали нуқра ва Фарорун Мирзошоев дар вазни 55 кг медали биринҷиро ба гардан овехтанд. Дар вазни 55 кг варзишгари дигари тоҷик Умед Асматуллобеков ҷои панҷумро сазовор гашт.
Имрӯз варзишгарон дар вазнҳои -73 кг, -81 кг, -90 кг ва +90 кг барои медалҳо талош меварзанд.








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






