21 июн-Рӯзи кинологҳо. Имрӯз дар мақомоти гуногуни назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз хизмати “дӯстони вафодор” ба таври васеъ истифода мешавад

Июнь 21, 2018 15:25

ДУШАНБЕ, 21.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. «Дора»-саги зоти спаниели кокери англисӣ мебошад, ки тӯли чандин сол дар Агентии назорати маводи нашъаовар самаранок хизмат мекунад. Дар муддати фаъолияти хизматӣ «Дора» дар чандин чорабиниҳои фаврӣустуҷӯӣ фаъолона иштирок намуда, дар умум зиёда аз 800 кг маводи нашъаовар ошкор намудааст.

21 июн дар қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун Рӯзи кинологҳо (сагшиносон) таҷлил карда мешавад. Кинолог- касби мушкил ва пурмасъулият аст. Нафари меҳрубон, дилсӯз ва босабру пуртоқат метавонад ба тарбияи саг машғул шавад.

Сагро аз ҷумлаи аввалин ҷонвароне меҳисобанд, ки одам ба худ ром кардааст. Он нисбат ба инсон даҳ ҳазор маротиба беҳтар бӯйро эҳсос мекунад. Бо дарки ин нукта, имрӯз дар мақомоти  гуногуни назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ аз хизмати ин “дӯсти вафодор” ба таври васеъ истифода мешавад. Сагҳои кинологии хизматӣ дар қатори одамон барои кофтукоб ва пайдо намудани маводи мухаддир, таҷҳизоти тарканда, ҷинояткорон ва ҳатто нафарони зери вайронаҳо монда кумаки зиёд менамоянд. Имрӯз соҳторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷаҳонро бе сагҳои хизматӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Бояд гуфт, ки аввалин маротиба хадамоти кинологӣ соли 1906 дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия пайдо шудааст. Пас аз чанде мушоҳида гардид, ки истифода аз сагҳои хизматии кинологӣ дар роҳи ошкор намудани ҷиноятҳо натиҷаи пурсамар медиҳад ва қарор карда шуд, ки аз ин намуди хадамот ба таври васеъ истифода шавад.

Пас аз шаш сол, соли 1912 дар сафи Армия низ истифода аз хизмати сагҳои кинологӣ ба роҳ монда шуд. Баъдан, марказҳои махсусе ташкил гардиданд, ки ба тарбияи сагҳои кинологӣ машғул шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз хизмати сагҳои кинологӣ дар сафи мақомоти гуногун ҳамаҷониба истифода мешавад. Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, Хадамоти гумрук ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ шуъбаву марказҳои кинологӣ таъсис дода шуда, мутахассисони кинолог омода ва сагҳои хизматии кинологӣ тарбия карда мешаванд.

Соли 2001 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази кинологӣ таъсис дода шуд. Соли 2010 дар заминаи ин марказ Хадамоти кинологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Имрӯз танҳо дар маркази кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар 15 нафар кинологҳои соҳибтаҷриба фаъолият менамоянд, ки курсҳои махсуси омӯзиширо оид ба назарияи омӯзиш ва қоидаҳои нигоҳ доштану ғизо додани сагҳо, риояи талаботи бехатарӣ ҳангоми ром кардани сагҳои хизматӣ, мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ба рефлекси саги хизматӣ ба дарёфти маводи нашъаовар ва машқҳои гуногунро дар хориҷи кишвар аз худ намуда, дорои сертификат мебошанд. Агентии мазкур дорои 24 саги хизматӣ аз зотҳои хушсифати спаниели русӣ, спаниели кокери англисӣ, овчаркаи немисӣ, овчаркаи белгиягӣ мебошад, ки онҳо дар дастгоҳи марказии Агентӣ, раёсатҳои он дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ба фаъолияти хизматӣ машғул буда, дар амалиёти ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии бағоҷи мусофирон иштирок менамоянд.

«Дора» — саги зоти спаниели кокери англисӣ мебошад, ки тӯли чандин сол дар Агентии назорати маводи нашъаовар самаранок  хизмат мекунад. Дар муддати фаъолияти хизматӣ «Дора» дар чандин чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ фаъолона иштирок намуда, дар умум зиёда аз 800 кг маводи нашъаовар ошкор намудааст. Барои як саг ин натиҷаи хеле хуб аст.

Саги дигари зоти спаниели русӣ бо номи «Нико» низ аз сагҳоест, ки 7 – сола буда, дар шуъбаи кинологии Агентии мазкур хизмат мекунад. «Нико» давоми фаъолияташ зиёда аз 600 кг маводи нашъаовар ошкор намудааст.

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ сагҳои хизматии кинологӣ тарбия карда мешаванд. Зеро таҷриба нишон медиҳад, ки солҳои охир қочоқбарон маводи мухаддирро устокорона дар дохили меваҳои гуногун, ҷувздон, сару либос, бордони воситаҳои нақлиёт пинҳон намуда, мехоҳанд ба таври ғайриқонунӣ вориди Тоҷикистон намоянд. Барои пайдо ва боздошт намудани онҳо кинологҳо мисли обу ҳаво заруранд.

Бино ба маълумоти Ҳадамоти гумрук, чанде пештар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Саиди Файз Аҳмад ва Ҷниди Моҳаммад Раҳим дар қисми паҳлуии ду ҷомадон аз маҳсулоти пластикӣ ва ширеш пинҳонгоҳи махсус сохта ва онро бо маводи мухаддир пур карда, мехостанд ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намоянд. Аммо фаъолияти босамари нозир-кинологҳо ва саги хизматӣ сабаб шуд, ки тири қочоқчиён хок хӯрд ва онҳо боздошт шуданд. Маълум гардид, ки дар пинҳонгоҳи онҳо 5 кг 205,7 грамм маводи сахттаъсири навъи героин пинҳон карда шудааст.

Сагҳои хизматии кинологӣ ҳамчунин барои пайдо намудани нафарони зери вайронаҳо монда низ кумаки зиёд менамоянд. Аз ин сабаб, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ низ шуъбаи кинологӣ таъсис дода шудааст. Тавре ба мо сухангӯи Кумитаи мазкур Умеда Юсуфӣ маълумот дод, ин шуъба навтаъсис буда, дар назар аст рӯзҳои наздик ба он се саги хизматӣ оварда шуда, мутахассисони касбӣ низ ҷалб гарданд.

Сардори хадамоти кинологии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ капитан Далер Махсумзода дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» тарзи тарбия ва тамрини сагҳои хизматиро шарҳ дода, изҳор дошт, ки ин сагҳо ҳанӯз дар хурдӣ санҷида мешаванд, ки оё барои хизмат дар сафи мақомот мувофиқ ҳастанд ё не.

«Дар умум 12 санҷиш ҳаст, ки аз рӯйи он мо сагбачаҳоро месанҷем. Аз ҳама маъмул, дақиқ менамоем, ки оё саг ба овози баланд, барои мисол садои тир чӣ гуна вокуниш нишон медиҳад. Саги хизматӣ аз овози тир набояд ҳаросад ва аҳамият надиҳад. Вақте садои давомдори яроқ баланд мешавад, саг бояд аҳамият надода, ҷустуҷӯи ҷинояткорро идома диҳад. Ҳамчунин мо месанҷем, ки саг чӣ гуна худро ҳимоя менамояд. Онро мебандем ва нафаре ба ҷониби он бо ҳаракатҳои ҳашмгинона ҳаракат мекунад. Мушоҳида мекунем, ки саг бидуни соҳибаш худро чӣ гуна ҳимоя мекунад. Ё ки сагро дар хонаи торик мегузорем ва вокуниши онро мушоҳида менамоем. Ин санҷишҳо имконият ва қобилияти сагро нишон медиҳанд»,-иброз намуд капитан Далер Махсумзода.

Дар марказҳои кинологӣ барои сагҳо дар соати муайян хӯрок дода шуда, вақти истироҳат, шустушӯй, омӯзиш ва аз назорати духтури байтор гузаштанашон аниқ аст. Яъне, барои онҳо реҷаи махсуси хизматӣ ва зист муайян карда шудааст. Сагҳо пеш аз сафарбар шудан ба амалиёт ё сафари хизматӣ ва баъд аз бозгашт ҳатман аз муоинаи духтури байтор гузаронида мешаванд.

Дар Рӯзи кинологҳо сагҳо бо ғизои лазизу фоиданоки идона зиёфат дода мешаванд.

                                                                 Ҷасур АБДУЛЛО,
                                              АМИТ “Ховар”

Июнь 21, 2018 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид