Сайёҳӣ дар Бадахшон ба рушди рӯзгори мардум таъсири хуб мерасонад
ДУШАНБЕ, 14.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳоло 13 ширкати сайёҳӣ, 10 меҳмонхонаи замонавӣ ва 86 меҳмонхонаҳои хурд (ҳомстей) фаъолият доранд, ки онҳо дар пешрафти соҳаи сайёҳӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нақши муассир мегузоранд.
Иҷрокунандаи сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки чун дигар манотиқи кишвар дар Бадахшон низ мавзеъ ва манзараҳои ҷолибу диданӣ барои ҷаҳонгардон мавҷуданд, ки дар гузашта бо сабаби набудани харитаи гардишгарӣ, меҳмонхона, алоқаи телефонӣ, мошинҳои пуриқтидори мусофирбар ва амсоли инҳо аз назари сайёҳон дар канор монда буданд.
Дар ду соли охир дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Мурғобу Дарвоз марказҳои пазироии сайёҳон ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин марказҳо сайёҳон дар бораи мавзеъҳои таърихӣ, чашмаҳои шифобахш, кӯлу дарёҳо, фарҳангу ҳунари сокинони ноҳияҳои вилоят маълумоти пурра пайдо мекунанд.
Ба гуфтаи Сураҷ Чоршанбиев, «ноҳияи Ванҷ низ аз зумраи мавзеъҳои туристии кишвар мебошад, ки аксарияти ҷаҳонгардони олам ба ин ганҷинаи мамлакат мароқи зиёд доранд. Як қисми ҳудуди «Парки миллӣ» аз тариқи ноҳияи мазкур убур мекунад, ки пиряхҳои Федченко, Хирсон, Кашолаях, Чашмаи Шоҳмастон шомили он мебошанд. Давоми панҷ моҳи соли равон теъдоди зиёди сайёҳон аз Амрико, Австралия, Англия, Россия, Швейтсария, Нидерландия бо мақсади кӯҳнавардӣ ва боздид аз пиряхҳои бузурги Осиёи Марказӣ вориди ноҳия шуданд, ки аз ҳисоби онҳо маблағи муайян ба буҷаи ноҳия ворид гардид».
Бояд гуфт, ки ширкатҳои сайёҳӣ, ҳунармандони мардумӣ, соҳибони меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонӣ дар мавсими имсола назар ба соли гузашта барои қабули меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ омодагии бештар дидаанд.
Дар маҷмӯъ, бахши сайёҳӣ дар ояндаи наздик ба рушди рӯзгори мардум таъсири хуб мерасонад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






