Ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи хурдсол ба Душанбе оварда шуд

Июль 25, 2018 12:36

ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 25 июл ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаи хурдсол, ки дар Россия ваҳшиёна ба қатл расонида шудааст, ба Душанбе оварда шуд.

Ҷасади Ҳувайдоро падару модари ӯ, чанд сол пеш ба Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, инчунин кормандони масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд.

Падари Ҳувайдо гуфт, ки пас аз маросими ба хоксупории духтараш як ҳафта баъд ба Россия хоҳад баргашт ва талош хоҳад намуд, то гунаҳгори қатли бераҳмонаи духтараш шадидан муҷозот шавад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, ҷасади Ҳувайдо Тиллозодаро субҳи 23 июл дар як борхалтаи варзишӣ дар наздикии маҳалли зисташон пайдо кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомии Россия, кӯдаки 5-сола таҷовуз ва бераҳмона кушта шудааст.

Гулнора Шарифова, модари Ҳувайдо, дар суҳбат бо хабарнигорон иброз дошт, ки духтараш ҷонваронро хеле дӯст медошт ва ба гуфтаи ӯ, қотил ҳам маҳз бо ҳамин роҳ ӯро ба доми худ афтондааст.

«Аз пушти хона соати 4 гирифта бурдаанд. Ӯ ҳайвонҳоро зиёд дӯст медошт, бо сагҳо бозӣ мекард. Аз пушти саг рафт. Ҳамсоя дид ва гуфт аз қафои духтарат рав, ки пушти хона рафт. Рафтам, дарашро задам, намонданд, ҳамакаса маро доштанд. Ҳатто бо милисаҳо қад ба қад шудам, аммо гуфтанд, ки фоида надорад, кори шудагӣ шуд»,-гуфт Гулнора Шарифова.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС имрӯз хабар дод, дар робита ба таҷовуз ва қатли кӯдаки тоҷик мақомоти интизомии Россия Александр Сёмини 27-соларо дастгир кардаанд, ки дар як бино бо хонаводаи тоҷик зиндагӣ мекардааст. Кумитаи тафтишотии Россия  ҳоло ба тафтиши ин куштори ваҳшиёна машғул аст.

Александр Сёмин, гумонбар дар қатли Ҳувайдо.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон  дар робита ба ин ҳодиса ба ВКХ-и Россия номаи ёддошт (нота) ирсол намуд, ки дар он омадааст: «Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018 дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид».

Дар номаи ВКХ ҶТ ҳамчунин омадааст, ки «тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад».

Июль 25, 2018 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд