Дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм» намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 26.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар осоишгоҳи «Хоҷа Оби гарм» намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ» баргузор намуд.
Хабарнигори АМИТ Ховар Мавҷуда АНВАРӢ, ки дар ин намоишгоҳ иштирок дорад, гузориш медиҳад, ки дар намоишгоҳ раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, намояндагони як зумра корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбарони тамоми осоишгоҳҳои кишвар ва коршиносони соҳа ширкат намуданд.
Дар доираи намоишгоҳ дар саҳни осоишгоҳ намоиши имконияти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардида, дар гӯшаҳои омодагашта намунаи гиёҳҳои шифобахш, доруҳои аз гулу гиёҳҳои шифобахш омодашуда, обҳои табобатӣ ва маълумоти мукаммал перомуни ҳар яки он ба маъраз гузошта шуд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ зикр кард, ки захира ва имконияти сайёҳии кишвари мо дар самти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар минтақа бесобиқа унвон мешаванд. «Имрӯз бо дастгирӣ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ тамоми шароит фароҳам аст. Заминаҳои ҳуқуқию иқтисодию иҷтимоӣ мавҷуд буда, бо истифода аз захираҳои нотакрори сарзамини биҳиштосои худ метавонем дар самти сайёҳии табобатӣ Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои рушдкардаи олам табдил диҳем. Тамоми шароиту имконот мавҷуд аст, танҳо ғояҳои нав, истифодаи пурсамари захираҳо, омода намудани мутахассисон, тарғибу ташвиқ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ зарур аст»,-афзуд Нуъмон Абдуғаффорзода.
Баъд аз намоишгоҳ дар толори осоишгоҳ ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандзосии узв ва бофтаҳои инсон» Мавлонбек Каримов дар мавзӯи «Дастовардҳои тибби тоҷик дар самти пайвандсозии узвҳо ва осебшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зуҳурулло Зоидбоев дар мавзӯи «Омилҳои табиӣ ва табобатии осоишгоҳи «Зумрад», директори осоишгоҳи «Сатурн» Абдусаттор Назриев дар мавзӯи «Обҳои шифобахш ва аҳамияти он дар бахши сайёҳӣ» ва директори ҶДММ «Меҳри гиёҳ» Муллозуҳур Тоҳирӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои табобатии мавзеи Путхин» маърӯза намуданд.
Дар хотима атрофи мавзӯъҳои матраҳгашта миёни иштирокчиён табодули назар сурат гирифт. Баъд аз анҷоми нишаст иштирокдорони намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ» аз имкониятҳои хизматрасонии «Осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм» дидан намуданд.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ таъкид намуданд, ки «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ, обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад». Ин нукта сокинони кишварро рӯҳбаланд сохта, водор намуд, то дар рушди сайёҳии табобатӣ саҳмгузор бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 200 чашмаи оби минералии шифобахш мавҷуд аст, ки аз он 71 -тоаш дорои оби гарм ва 43- тоаш дорои оби хунук мебошанд. Табиати Тоҷикистон бо сабаби гуногунрангӣ ва мавҷудияти кӯҳҳову доманакӯҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, барои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини кишвар қобилияти шифобахшӣ дошта, як қатори онҳо дар дунё нодиртарин ба шумор мераванд.
Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои «Хоҷа Оби Гарм», «Явроз», «Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Гармчашма», «Ҳавотоғ», «Зумрад», чашмаи «Бибӣ Фотимаи Заҳро», «Авҷ», «Ямчун» ва «Зонг» мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.
Оби чашмаи «Хоҷа Оби Гарм» дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, ҳарорати он то ба +98 дараҷа мерасад. Қаламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз 20 нуқта оби чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои дорои обҳои ҳарораташон нисбатан баланд буғи гарм хориҷ мешавад, ки таркиби он дар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ элементи радон дорад. Чашмаи «Хоҷа Оби гарм» пас аз хушк шудани чашмаи ҳаммонанди худ дар Франсия имрӯз нотакрор ва ягона аст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар осоишгоҳи мазкур бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, сутунмуҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа мегиранд.
Оби маъдании шифобахши «Шоҳамбарӣ» муъҷизаи нотакрор буда, дар таркибаш 17 намуд элементҳои кимиёвӣ вуҷуд дорад ва барои бемориҳои узвҳои ҳозима, такягоҳ, асаб, касалиҳои пӯст, бемории қанд пешбинӣ шудааст.
Оби «Гарм-Чашма» бо ҳарорати гармии 59 дараҷа аз қаъри замин баромада, хусусияти табобатӣ дорад ва барои бемориҳои пӯст тавсия дода мешавад.
Дар мавриди гиёҳҳои шифобахш агар гӯем, дар ҳудуди кишвари мо тибқи таҳқиқоти олимону мутахассисон, зиёда аз 5 ҳазор намуди растаниҳои гулдор муайян шудаанд, ки 4 ҳазор намуди он шифобахш мебошанд. Мутахассисон танҳо 40 намуди онҳоро пурра таҳқиқ намуда, сифати шифобахшии онҳоро муайян кардаанд. Бо вуҷуди ин танҳо 16 намуди онҳо дар кишвар коркард карда мешаванд.
Имрӯз дар ҷаҳон тамоюли даст кашидан аз доруҳои ба кимиё асос ёфта ва сунъӣ ба назар мерасад, ки талабот ба табобат тавассути гиёҳҳои шифобахш ва муолиҷа бо истифода аз захираҳои табиӣ рӯз аз рӯз меафзояд.
Бо мақсади коркарди гиёҳҳои шифобахши кишвар ва рушди соҳаи формасевтӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воридоти технологияи навини соҳаи фармасевтӣ ва таҷҳизоти ҷадиди ташхисиро аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории намоишгоҳи «Имкониятҳои сайёҳии табобатӣ ва солимгардонӣ» муаррифии имконияти сайёҳии табобатию солимгардонӣ дар Тоҷикистон, ҷалби таваҷҷуҳи бахши хусусӣ, соҳибкорони ватанӣ ба рушди ин самти муҳиму серталаб ва сердаромади сайёҳӣ дар кишвар мебошад.


















Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад






