Дар Осорхонаи миллӣ намоиши эҷодиёти рассомони вилояти Суғд доир мегардад
ДУШАНБЕ, 23.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. 25 июли соли равон дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихӣ ва асарҳо аз эҷодиёти рассомони вилояти Суғд баргузор мегардад. Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад.
Тавре зимни суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» Фаридун Кенҷаев хабар дод, намоиш аз соати 10 оғоз гардида, дар он офаридаҳои рассомон, аз қабили мусаввараҳо, кундал ва ҳайкалтарошӣ ба тамошо гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ташаббускорони намоиш Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мебошанд.
«Намоиши эҷодиёти рассомони вилояти Суғд 25 июл оғоз ёфта, то 15 августи соли 2018 идома меёбад»,-хабар доданд аз Осорхона.










Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






