«ДОСТОНИ АСП». Таҳти ин ном нашриёти «Адиб» китоби нави Давлат Сафарро рӯи чоп овард, ки туҳфаи хуб ба хонандагон дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арзёбӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 14.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ муассисаи нашриявии «Адиб» китоби нави шоири ширинкалом Давлат Сафарро бо номи «Достони асп» аз чоп баровард, ки онро туҳфаи хубе ба дӯстдорони адабиёт дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавон арзёбӣ кард. Зеро парваришу нигоҳубини асп ва аспдавонӣ яке аз ҳунарҳи қадимии мардуми тоҷик будааст. «Халқи тоҷик аз даврони қадим ба парвариш ва нимгоҳубини асп мароқи беандоза дошта, тавонистааст зоти аспҳои тоҷикиро ба вуҷуд оварда, машҳури олам гардонад», — омадааст дар пешгуфтори ин китоб, ки ба қалами яке аз дӯстдорони ҳунари аспдавонӣ Шермуҳаммад Шоҳиён тааллуқ дорад. Матни пешгуфторро дар зер пурра пешниҳоди хонандагон мегардонем.
Асп ҷонварест зебо, бофаросату неруманд ва чусту чолок, ки бо тамоми ҳастияш ба инсон ром гардида, дар ҳама шебу фарози зиндагӣ ёвару дӯсти вафодори ӯ будаву хоҳад монд. Миллати куҳанбунёди тоҷикро низ аз азал ин ҷонвари зебо ҳамроҳӣ кардаву то имрӯз вафодорӣ ва меҳри бепоёни худро нисбат ба он нишон додааст.
Халқи тоҷик аз даврони қадим ба парвариш ва нигоҳубини асп мароқи беандоза дошта, тавонистааст зоти аспҳои тоҷикиро ба вуҷуд оварда, машҳури олам гардонад. Ҳатто тибқи анъана, аҷдодони мо мекӯшиданд, ки ба фарзандонашон шиноварӣ, аспдавонӣ, ҷавгонбозӣ ва тирандозиро омӯзонанд.
Ба ақидаи аксар муаррихон, ҳазорсолаҳо боз асп чун ҳамроҳу дӯсти вафодор дар паҳлуи инсон қарор дошта, хидмати ӯро аз сари сидқ ба ҷо меорад. Онро дар байни қавму қабоили мухталиф бо муҳаббат фарас, тавсан, тезтаг, гомзан, зарриннаъл, бодпой, заринёл, оташиннаъл меномиданду дӯст медоранд. Дар ин самт кор то ба дараҷае расида, ки аспон чун саворони номдори хеш бо ному лақабҳои муайян шуҳраи офоқ гардидаву то абад чунин хоҳанд монд. Масалан, дар бисёр мавридҳо Рустамро бо Рахш, Сиёвушро бо Шабранг, Хусрави Парвизро бо Шабдиз, Ширинро бо Гулгун ва Император Каллигуларо бо Тезтаг тавъам ёд мекунанду ном мебаранд ва ҳатто мақому манзалати ин гуна аспонро баробар ба зиндагии ҷовид медонанд:
Ба ҷое ки ин Рахш бошад равон,
Адам зиндагиро нагирад нишон. (Бедил)
Ва ё:
Гаҳе Хуршед бурдӣ гӯю гаҳ Моҳ,
Гаҳе Ширин гирав додӣ, гаҳе шоҳ…
Маҳу Хуршед дид дар сайд бастанд,
Ба Шабдизу ба Гулгун барнишастанд. (Низомӣ)
Ё худ:
Ба ҳар гом сад дашт тай карданаш,
Зи ҳар шиҳа сад кӯҳ ҳай карданаш. (Бедил)
Мардумони давр ҳашамату зоти аспҳои қадимаи тоҷикӣ, яъне аспҳои хатлонӣ ва бохтариро бо чашми сар дидаанду ба наслҳои баъдинаи онҳо таърифу тавсифи чунин аспон расидааст. Аҷдодони мо асппарвариро на фақат ҳамчун шуғли писандида, балки барои оростани навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, аз қабили аспдавонию чавгонбозӣ, бузкашию пойгаҳдавонӣ, ҳамчунин барои истифода ба ҳайси воситаи нақлиёт, боркашонӣ, барои омодагии ҷангӣ ва ҳифзи марзу буми муқаддаси хеш ихтиёр намуда буданд.
Ҳар гоҳ ки миёни ду кас ва ё маҳфиле суҳбат аз аспу хислатҳои хосаи он меравад, сухани гӯяндагон лаҳни ангубинӣ мегирад ва бо ҳарорату иштиёқи беқиёс дар бораи хидматгузори беминнати ин ҳамдами дерин, ин қавиҳайкали бедордил, ин шуҷоатманди бемислу монанд ҳикояту ривоят мекунанд. Ин меҳру муҳаббати беинтиҳову бебадал аз он аст, ки асп бо тамоми ҳастӣ худро ба инсон мебахшад ва ҳақ дорад умед бандад, ки меҳру муҳаббати инсон бо ӯ тарафайн хоҳад буд.
Вақте аспон дар оғӯши саҳро ва пуштаву теппакӯҳҳои сабз мечаранду гардиш мекунанд ва тойчаҳо аз пешу аз пасашон гузашта, ба онҳо мебозанд, беҳтарин манзараи ҳастии одаму ҳайвон, ки бо ким – кадом пайванди муҳаббату садоқат ва нишонагузорӣ бо ҳам монандӣ доранд, пеши рӯ меояд.
Он даме, ки гала аз ҷое ба ҷое медавад, бо гардишҳои ёлу дум ва ҷунбишҳои узвҳо — печутобхӯрии мавҷҳову рӯдҳо, ки нишонаи талош барои ҳаёт ва ба маскане расидан аст, ба ёд меояд ва кас намехоҳад, ки аз тамошои ин манзараи зебои мушкилтасвир чашм биканад.
Воқеан, асп дар тақдири соҳибаш нақши бузург мебозад ва ба ӯ ному шӯҳрат мебахшад. Вақте ки қиссаи Рахшро мегӯем, номи Рустам ба забон меояд. Рахш саҳнаи ҳамқисматии Таҳминаву Рустам ва чашм ба олами ҳастӣ кушодани Суҳроб нақши бузург бозидааст. Тавассути гурехтани Рахш Рустами саргардон роҳи мулки Самангонро пеш гирифта, меҳмони шоҳ мешавад ва ба дидори Таҳмина мерасад. Агар асп дониста намегурехт, достони ибратомӯзу пуралами Рустаму Суҳроб пайдо намешуд.
Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба асп меҳру муҳаббати беинтиҳо доштааст. Зеро дар тамоми достонҳои «Шоҳнома» асп баробари дигар образҳо аз қаҳрамонони асосӣ ба шумор меояд. Маҳз асп, зӯру тавон, зиракиву устувории ӯст, ки ҳақ ба ҳақдор мерасаду уқдаи мушкил ба муроди дили муаллиф ҳал мегардад.
Бубинед, ки аз иштироки асп дар яке аз муҳорибаҳои ҳалкунанда адиб ончунон муболиғаи бемислу монанд сохтааст, ки назирашро дар ҳеҷ куҷо вонамехӯрем:
Зи суми сутурон дар он паҳндашт,
Замин шуд шашу осмон гашт ҳашт.
Ва ҳамин зӯри бозуи асп, рамузфаҳмии ӯст, ки савори он ба ғалабаи бузург ноил мегардад:
Буриду дариду шикасту бубаст
Ялонро сару синаву пову даст!
Бале, аспон бо савории шуҷоъу далери худ ба ҳама чиз қодиранд, дар ин бобат аз Файзии Диканӣ дида, касе чизе болотар ёрои гуфтан надорад:
Аспон зи ситора авҷравтар,
Гурдон зи сипеҳр тездавтар.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» менависанд: «Аспҳои бохтарӣ гаҳвораи нахустини давлату давлатдории тоҷиконро ба ҷунбиш оварда, дар ташаккули тамаддун ва давлати тавоно- Бохтару Суғд хизмати арзандае кардаанд.
Бохтари Қадим, Тахористон ва Хуталон ватани аспҳои хушзот, чобуку даванд ва зебову қавипайкар эътироф шудаанд. Аспҳои бохтарӣ, тахорӣ ва хуталонӣ аз як решаву зурриёт буда, дертар дар заминаи падид омадани давлати Тахористон ва Хуталон дар ҳудудҳои Бохтари қадим бо ин номҳо машҳур гардидаанд. Муаллифони аҳди қадим аспҳои ин сарзаминро ба зоти «аспҳои осмонӣ» ё «аспҳои обӣ» мансуб дониста, аз неруи эзидӣ ва қудрати илоҳӣ баҳравар гардидани ин ҷонваронро зикр намудаанд».
Дар ҳақиқат, ҳар гоҳе ки намояндагони қавму миллатҳои бегона ба хоки муқаддаси ватани таърихии мо қадам мениҳоданду чашмашон ба зоти аспи тоҷикӣ меафтид, як умр шефтаву шайдои он гардида, аз тамошояш дил канда наметавонистанд. Ҳар паҳлавон ҳам орзу мекард, ки ба зоти аспҳои тоҷикӣ савор шуда, қобилият, ҳайбату азамати ин ҷонвари пурқувватро дар тавоноӣ ва шукӯҳу ҷалоли он дарёбад.
Яке аз хислатҳои неку наҷиби асп, новобаста аз ҷуссаи азиму пурқувваташ, рому фармонбардори соҳибаш будани ӯст. Ин ҷонвари бофаросат ҳар як нафас, задани набз ва таппиши дили савораи худро эҳсос мекунад, муҳаббату вафодории хешро бо ҳар гуна амалу ишора нишон доданӣ мешавад. Ба ҳарфу ишораҳои соҳибаш гӯш медиҳад. Ҳатто аз қиёфаи соҳибаш кайфияти ҳоли ӯро дарк месозад.
Аспҳои зоти тоҷикӣ гӯиё маҳз барои рушду пешрафти миллати тоҷик, ҳифзи ватани аҷдодӣ офарида шуда буданд, ки паҳлавонони тоҷикро дар пушти худ шукӯҳу шаҳомат бахшида, сарбаландона дар муборизаҳо бар зидди ҳуҷумҳои аҷнабиён ширкат варзидаанд. Шарафу номус, марзу бум, ҷони соҳибони худро ҳифз карда, дар муборизаҳои ватандӯстона ба муқобили аҷнабиён сина сипар мекарданд.
Гузаштагонамон дар доду ситади ҳамарӯза зиндагии хешро бе асп тасаввур карда наметавонистанд. Аспдориву аспсаворӣ мояи ифтихору ҷавонмардӣ ба ҳисоб мерафт. Дар оилаҳое, ки дасташон мерасид, гуна-гуна аспҳо-саворӣ, корӣ, тезтаги пойгаҳдавонӣ, ҷангӣ парвариш намуда, фарзандонро аз наврасӣ дар рӯҳи хӯ гирифтан ба асп, чобуксаворӣ, шамшерзанӣ, бузкашию ҷавгонбозӣ тарбият медоданд.
Умуман, аз омиву хосагон касе нест, ки ин ҷонвари ба дилу дида наздикро дӯст надорад. Ривояте маъруф аст, Султон Маҳмуд, ки кишваркушоиҳои зиёде карда буд, як қисмати муайяни умри хешро болои асп гузаронидаасту барои ҳар амали ҳаррӯзааш аспҳои алоҳидаи тарбиятдида дошт. Шоҳро нисбат ба шикору айшу ишрат дар марғзорони хушобу ҳаво шавқу ҳаваси беҳудуд буд.
Рӯзе эълом дошт, ки пагоҳ азми шикор дораму аспи зариннаълро омода бисозед. Ва шабона барф борида, заминро бо кӯрпаи ғафси сафед пӯшонд. Барои он ки табъи нозуки шоҳ аз ин рӯйдод хира нагардад, надими хос ба ӯ чунин хабар расонд:
Шоҳо, фалакат аспи саодат зин кард
В-аз ҷумлаи хусравон туро таҳсин кард.
То дар ҳаракат саманди зарриннаълат,
Бар гил наниҳад пой, замин симин кард.
Шоҳ андеша карда, аз баҳри озор додани аспи саманду орзуи баланд даргузашт.
Мутаассифона, зоти аспи тоҷикӣ дар як замони муайяни таърих бинобар тохтутозҳои зиёди аҷнабиён дар сарзамини таърихии тоҷикон камшумор гардида, қариб ба нестӣ расида буд.
Нимаи дуюми асри ХХ дар самти парвариши зоти беҳтари аспҳо дар хоҷагиҳои асппарварии ноҳияи Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Данғара, Ваҳдат, Темурмалик, Ёвон, Балҷувон ва Файзобод тадбирҳои муайяне амалӣ карда шуданд. Махсусан, аспҳое, ки дар хоҷагии асппарварии давлатии «Кангурт» парвариш меёфтанд, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ чандин маротиба ғолиб омада, сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки дубора миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол соҳиби давлати соҳибистиқлоли хеш гардида, бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таърих ва арзишҳои миллии мардуми тоҷик дубора эҳё шуданд. Дар ин радиф рушду пешрафти соҳаи асппарварӣ низ истисно нест. Фазои орому осудаи кишвар мусоидат намуд, то суннати нодиракорони ниёгони асппарвари мо дубора эҳё гардад. Дар натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи олимони тоҷик ва мутахассисони асппарвар соли 2002 зоти аспи тоҷикӣ расман муаррифӣ шуда, аз тарафи комиссияи байналмилалӣ ҳамчун зоти мустақили хосса эътироф гардид.
Имрӯзҳо таҷрибаи аз ҳисоби аспҳои калонҷуссаву зебо ва пурқувват беҳтар намудани зоти аспҳои тоҷикӣ низ васеъ мавриди истифода қарор дорад. Ташкили мусобиқаҳои аспдавонӣ бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат гувоҳи он аст, ки давлату ҳукумати кишвар ба ин соҳа аҳамияти хосса зоҳир намуда, рӯз то рӯз барои беҳтар гардонидан зоти аспҳои тоҷикӣ иқдому ташаббусҳои нав ба нав рӯи кор гирифта, баҳри амалан иҷро гардидани онҳо масъулияти бузургеро ба дӯш дорад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Барномаи рушди соҳаи асппарварӣ барои солҳои 2009-2016» идомаи мантиқии дар ҳаёт татбиқ намудани иқдомҳои наҷиби пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи асппарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Маълум аст, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи нооромӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон хатарҳои зиёде ба давлатҳои миллӣ таҳдид менамоянд. Дар чунин вазъият баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, зиракию ҳушёрӣ ва худогоҳии насли ҷавон, талқин намудани мардум ба пос доштани арзишҳои миллӣ ва таъриху анъанаҳои неки ниёгон яке аз масъалаҳои хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Бо дили саршор аз муҳаббати фарзандӣ дӯст доштану ҳифз намудани хоки поки ин сарзамини аҷдодӣ ва барои ободу зебо гардонидани он ҷавонмардона заҳмат кашидан қарзи ҳар яки мо мебошад.
Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки ҷавонони даврони истиқлолият бо дарки ин масъулият иқдомҳои Ҳукумати мамлакатро дар самти идома додани анъана ва эҳёи суннатҳои неки аҷдодӣ дар амал татбиқ намуда, дар ин радиф таваҷҷуҳи онҳо ба асппарварӣ зиёд гардида истодааст. Баробари дигар навъҳои варзиш ба аспсавориву аспдавонӣ, чавгонбозиву бузкашӣ рағбати беандоза зоҳир намуда, ҷавонон хуб медонанд, ки ин намудҳои варзиш ба кас неруву қудрати тоза бахшида, дар пешбурди ҳаёти солим нақши муҳим доранд.
Имрӯзҳо дар радифи тайёр намудани зоти беҳтаршудаи аспҳо ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, ҳамчунин ин ҷонвари зебову қавирӯҳ барои истифода дар сохторҳои низомӣ баҳри ҳимояи марзу буми кишвар дар дашту кӯҳҳои мошинногузар васеъ истифода мешавад
Аспҳо аз ҷиҳати зоту намуд ва ранге, ки доранд, хеле гуногун буда, ҳар якеро мувофиқ ба макони парваришёфта ва ранги доштааш ном мебаранд. Аз қадимулайём дар ҳудуди ватани таърихии мо ба аспҳои сафед, саманд, туруқ, сиёҳмушкин, аблақ (ало), куранг (зарди баланд), арҷал (аспи пояш сафед), қизил, гули бодом шавқу рағбати зиёд доранд. Инро сабаб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ин гуна аспон хеле ҳушёру зираку рамузфаҳм мешаванд ва агар савора лаҷомро комилан дар даст нагирад ҳам, асп ӯро ба манзили мурод бурда мерасонад ва бисёрҳо шунидаем, ки дар тавсифи чунин аспон мегӯянд: «шири одам хӯрдааст» !
Яке аз аспҳои Гули бодом ба шарофати хӯву хислатҳои неки худ, ҷасорату қаҳрамонии соҳибаш Саидаҳмад Каримови ховалингӣ ва шеъри олиҷаноби устод Муъмин Қаноат дар саросари ҷумҳурӣ ва собиқ иттифоқ басо шуҳратёр гардид. Ин асп бо чобуксавори диловараш дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон то Олмон душвортарин роҳу пайроҳаро тай карда, мисли бисёр муҳофизони ҷасур қаҳрамонона ҳалок шуд.
Шеъри дар сифоту ситоиши ин асп эҷодкардаи адиби номӣ басо хушоҳангу диққатҷалбкунанда аст. Агар ҳар банди он бо аз сари сатр хондани калимаву ибораҳо қироат шавад, пеши назар он Гули бодоми ҳисорӣ зиндаву саломат ба ҷилва меояд, ки гӯиё соҳибаш дар намоишгоҳи аспрез (ипподром) ӯро ба ихтиёри худ гузоштаасту вай зери оҳанги марғубу дилписанд бо сари боло, синаи сипаршакли барҷаста ду дасти пешашро бозӣ доронда, ба чапу рост «сараксараккунон» муждаи шодмонӣ меорад. Инак, худ бо оҳанг хонеду ҳаракатҳои асп ва ифтихори савораи онро тасаввур кунед:
Суми мармар,
думи мухпар,
Пари кафтар,
дави сарсар.
Миёне
дастаи ханҷар.
Чӣ гардан,
гардани духтар!
Аҷаб хушрӯю бозингар-
Гули бодом!
Рӯзи ҷашни пуршукӯҳи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паради ҳарбӣ гузашти аспҳои зебо ба ин чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати дучанд бахшид. Бори дигар маълум гардид, ки воқеан, зоти аспи тоҷикӣ, ҳамчун яке аз беҳтарин зоти аспҳо дар минтақа, имрӯз дар қаламрави кишвар хеле хуб парвариш меёбад ва самараи неки заҳмат дар ин иқдоми наҷиб аллакай аён аст.
Асп ҳамчун хизматгори инсон, ҷонвари азимҷусса, пурқувват, некназар, қавипайкару қавиазм дар ягон давру замон аз назари адибон берун набудааст. Аз ҷумла, хусусият, феълу атвор ва сифатҳои ибратомӯзи онро шоирону нависандагони гузашта ва муосири тоҷик аз диду назари гуногун ба риштаи тасвир кашидаанд.
Шоири тавонои тоҷик устод Муҳаммад Ғоиб ҳусну назокати ин ҷонвари қавипайкар ва меҳру муҳаббати бепоёни шоҳсавори онро бо як самимият ба қалам додааст:
Ӯ ёлҳои бофтаи асп диду гуфт:
Деву парӣ ба асп чу ман сахт ошиқ аст.
Зин аст тахт дар нигаҳи марди аспдор,
Султони мулки шавқ ба ин тахт ошиқ аст.
Қаср аст аспҷой ба пиндори рағбаташ,
Асп аст кони сарвати ишқу муҳаббаташ.
Қамчин ба дасти побарикоб аст парчаме,
Тобад зи дур низ диёри саодаташ.
Асп аст қаҳрамони хаёлии қиссааш,
Дар ҳар набард бинадаш аз хеш пештар.
Бандад агар ки меҳр ба ҳар чиз одамӣ,
Онро бидорад аз ҳама чи дӯст бештар.
Китобе, ки дар даст доред, маҳз натиҷа ва маҳсули илҳоми эҷодии шоири ширинкалому ширинбаёни тоҷик Давлат Сафар мебошад, ки тавонистааст бо маҳорати хеле баланд ва гуфтори гуҳарбори худ авсофи ин ҷонвари зеборо моҳирона, нозукбинона ба қалам дода, рӯйи қоғаз биёварад.
Ҳоло дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон шумораи зиёди аспҳои зебо, ки дар минтақа каназиранд, парвариш меёбанд. Маҳз ба хотири идома додани анъанаи неки асппарварӣ, аксҳои як қатор аспҳои номӣ ва ғолибони чандкаратаи мусобиқаҳои аспдавонию бузкашӣ дар ин китоб гирд оварда шудаанд, ки сурати зебои онҳо ҳамрадифи воқеии суханҳои пурмазмуни муаллифи китоб мебошанд.
Бовари комил дорем, ки ин китоб ҳадяи хубе барои мардуми аспдӯсту асппарвари тоҷик ва мухлисону ҳаводорони ин ҷонвари зебо хоҳад буд.
Шермуҳаммад ШОҲИЁН