Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ҷавонони шаҳри Хоруғ боз се майдончаи муосири варзишӣ бунёд мекунад
ДУШАНБЕ, 28.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо иқдоми раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ майдончаи муосири варзишӣ, ки дар муддати як моҳ бунёд гардид, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи ин иншооти варзишӣ раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед ва ноиби аввали президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо иштирок намуданд.
Варзишгарону ҷавонон ва сокинони маҳаллаи мазкур аз кумаку ғамхориҳои Ҳукумати кишвар, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли наврас ва саҳми арзандаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон барои бунёди чунин майдончаи наву замонавӣ изҳори сипос намуданд.
Зимни баромади масъулини соҳа таъкид шуд, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби ҷавонон ба варзиш ва ҳифзи солимии ҷомеа маҳсуб ёфта, заминаи хубе барои рушди футбол дар Тоҷикистон мебошад.
Корҳои сохтмонию бунёдкорӣ дар майдончаи варзишӣ, ки 40 метр дарозӣ ва 20 метр паҳноӣ дорад, ба тамоми меъёрҳои меъморию сохтмонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мужда расонд, ки дар ояндаи наздик барои ҷавонони шаҳри Хоруғ иловатан боз се майдончаи муосири варзишӣ сохта, ба варзишгарони вилоят туҳфа намояд.
Намоиши барномаи фарҳангию варзишӣ, ки пур аз меҳру муҳаббат ба ин сарзамин ва гиромидошти арзишҳои умумимиллӣ буд, ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам кард. Сипас, аз номи роҳбарияти Федератсияи футбол ба 50 нафар наврасоне, ки дар ҳамоиши варзишӣ иштирок намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд













CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






