Сунатулло Исроилов дар иёлати Ню – Ҷерсии ИМА ғолиби мусобиқаи теннис гардид

Июль 11, 2018 09:50

ДУШАНБЕ, 11.07.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи тоҷик Сунатулло Исроилов дар  Мусобиқаи теннис барои дарёфти Ҷоми Ассотсиатсияи  тенниси ИМА дар иёлати Ню – Ҷерси  ғолиби ҷои аввал гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур аз  6 то 9 июли соли равон доир шуда, дар он  32 варзишгари маъруфи ҷаҳон байни ҳам рақобат намуданд.

Сунатулло Исроилов дар сабқати аввал бо варзишгари  маъруфи Ҳиндустон Ховард Шерман, дар сабқати дуюм бо варзишгари Украина Пётр Гремлич, дар даври сеюм бо варзишгари Амрико Кевин Ллинитс бозӣ карда, маҳорати баланди касбӣ нишон дод ва ба даври нимфиналӣ роҳ  ёфт.

Дар даври нимфиналӣ Сунатулло Исроилов бар варзишгари Германия Прозанно Фернандо ғолиб омада, дар бозии финалӣ бо варзишгари Амрико тибқи ҳисоби 6/1, 6/3 сазовори ҷои аввал гардид.

Мавриди зикр аст, ки Сунатулло Исроилов се маротиба дар мусобиқаи мазкур дар иёлатҳои Флорида, Ню – Ҷерсӣ ва Ню – Йорки Амрико иштирок намуда, сазовори ҷои аввал мегардад.

Сунатулло Исроилов айни замон дар Академияи тенниси ба номи Ҷонс Гарсияи иёлати Флоридаи Амрико тамрин намуда, барои иштирок дар Ҷоми Девис, ки соли 2019 баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.

Июль 11, 2018 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад