ТАСС хабар медиҳад: Мизулина аз Чайка хоҳиш мекунад, ки тафтишоти фоҷиаи Серпуховоро зери назорати шахсӣ қарор диҳад
ДУШАНБЕ, 25.07.2018. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи кории Шӯрои Федералии Федератсияи Россия оид ба такмили чораҳо оид ба пешгирӣ кардани дастдарозӣ ба дахлнопазирии ҷинсии ноболиғон Елена Мизулина ба унвони Прокурори генералии Федератсияи Россия Юрий Чайка бо хоҳиши зери назорати шахсӣ гирифтани фоҷиаи Серпухово дархост омода менамояд. Дар ин бора рӯзи чоршанбе ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти вакили парлумони Россия хабар дод.
Чанде пеш дар Серпухово бо гумони даст доштан дар куштори духтарчаи хурдсол сокини маҳаллии соли таваллудаш 1990 дастгир шуд. Ҷасади духтарча, ки 22 июл аз майдончаи кӯдакона ғайб зада буд, дар дохили бастаи варзишӣ дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан дарёфт карда шуд. Баъдтар аз баъзе ВАО иттилоъ расид, ки ҳанӯз як сол пеш сокини Серпухово ба шуъбаи полис бо дархости тафтиш кардани марде, ки нисбат ба духтарчаи ӯ ва дугонааш дар майдончаи кӯдакона талоши дастдарозӣ кардааст, ариза пешниҳод намудааст, вале кормандони полис ҳеҷ тадбире наандешидаанд.
Тавре аз хадамоти матбуоти вакили парлумони Россия хабар доданд, тибқи маълумоти коршиносони гурӯҳи корӣ, ки онро Мизулина роҳбарӣ менамояд, аз минтақаи Серпухово вобаста ба он ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хабарҳо дар бораи далелҳои озори ҷинсии кӯдакон аз ҷониби шахсони алоҳида беэътиноӣ карда, на танҳо тафтиши хабарро рад мекунанд, ҳатто онро қабул ва қайд намекунанд, шикоятҳои шаҳрвандон тавассути рақами доимӣ мунтазам ворид мегарданд. «Ман бо хоҳиши зери назорати шахсӣ гирифтани тафтишоти ин парванда ба Прокурори генералӣ дархост ирсол мекунам», — иқтибос меорад гуфтаҳои Мизулинаро хадамоти матбуотиаш.








«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






