Дар Тошканд ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи сафари давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон имрӯз дар шаҳри Тошканд ҳамоиши соҳибкорон ва доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш ҳамкории мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва имкониятҳои сармоягузории ҳар ду давлат дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ баррасӣ ва муаррифӣ гардиданд.
Ҳамоишро Вазири савдои берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшед Хоҷаев ифтитоҳ намуда, ҳамзамон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода доир ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан кард.
Фаррух Ҳамрализода зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст. Барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва содагардондани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш- доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва нақлиётӣ ибрози назар намуда, тавсеаи ҳамкории мутақобилан судмандро дар ин бахшҳои афзалиятнок мувофиқи мақсад шумориданд.
Зикр шуд, ки заминаи муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз тарафи роҳбарони давлатҳо имзо гузошташуда, он ба ҳамкории мутақобилан судманд асос меёбад ва ҳамоиши мазкур ҳамчун платформаи рушди ҳамкории минбаъдаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти тақвияти ҳамкории иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамоиш ҳамзамон имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути навори видеоӣ муаррифӣ гардид. Инчунин байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҳарду ҷониб нишаст дар шакли соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, аз ҷониби ширкатҳои хар ду кишвар як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шуданд.








Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд






