ФУТБОЛ: бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон анҷом ёфтанд

Август 23, 2018 10:30

ДУШАНБЕ, 23.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чордаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гардиданд, ки дар се бозӣ мизбонон ва дар як бозӣ меҳмонон ғолиб омаданд.  

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин дидорҳо дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд – пирӯзӣ ба даст оварданд.

Дастаи футболи  «Истиқлол» дастаи «Хатлон»-и Бохтарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Тӯбро Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 53-юм ба ҳадаф расонид. Дастаи футболи «Хуҷанд» бошад, дар майдони худ бар дастаи  ССКА «Помир» бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Голҳоро Манучеҳр Аҳмадов, Ҷаҳонгир Эргашев,   Идибек Ҳабибуллоев  ва Фарҳод Тоҳиров   ба нишон расониданд.

Дастаи футболи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони худ   дастаи  «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ду голи дастаи  футболи «Кӯктош»-ро Абдурасул Раҳмонов   ва як голи дигарро легионери узбекистонӣ Муҳиддин Одилов   ба нишон расонданд. Голҳои меҳмононро Маҳмуд Ғаюров   ва Нуъмон Зокиров   ба ҳадаф  расониданд.

Дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода низ дар майдони худ бар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, се имтиёзро ба даст овард.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии бозиҳои даври чордаҳум дар ҷадвали мусобиқот дастаи футболи «Истиқлол»-қаҳрамони Тоҷикистон бо 35 имтиёз мақоми аввалро касб намудааст. Дастаи футболи «Хуҷанд», ки ду имтиёз камтар гирифтааст, дар ҷойи дуюм мебошад. Дастаи  «Кӯктош» бо ба даст овардани 21 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Хотиррасон мекунем, ки бозиҳои даври понздаҳуми мусобиқоти лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 25-26 август доир гардида, дастаҳои футболи  «Кӯктош» бо ССКА «Помир», «Хатлон» бо «Истиқлол», «Панҷшер» бо «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» бо  «Регар-ТадАЗ»  байни ҳам рақобат мекунанд.

Август 23, 2018 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд