Мубориза барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба теннис оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 24.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз, 23 август дар Қасри тенниси тобистона маросими кушодашавии мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон ва ҷавонон барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад, ки дар расми ифтитоҳи мусобиқаи варзишӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода тамоми иштирокчиёнро ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, ба варзишгарон барору комёбӣ орзу намуданд.
Дар ин мусобиқаи варзишӣ намояндагони кишварҳои Америка, Афғонистон, Покистон, Бангладеш, Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон Украина ва мизбон- Тоҷикистон ширкат дошта, барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур аз 23 то 27 августи соли равон дар Қасри тенниси тобистона доир мегардад. Дар мусобиқаи мазкур барои ғолибони ҷои аввал ба духтарон ва писарон 10 000 сомонӣ, ҷои дуюм 8 000 сомонӣ ва ҷои сеюм 5 000 сомонӣ мукофот пешбинӣ шудааст.

Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






