Варзишгарони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо 4 медал ба Ватан баргаштанд
ДУШАНБЕ, 28.08.2018. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони навраси тоҷик дар аввалин мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо миёни мактаббачагони солҳои таваллудашон 2002-2003, ки дар шаҳри Орёли Россия баргузор шуд, чор медал-1 тилло ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки аввалин бор миёни мактаббачагон доир шуд, намояндагони 25 кишвар ширкат доштанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 паҳлавони наврас дар сабқати писарон намояндагӣ кард. Варзишгари навраси тоҷик Ғаниҷон Ғаниев дар рақобатҳо дар вазни 72 кг медали тилло ба даст овард. Се паҳлавони навраси тоҷик -Суннатуллои Мирзоалӣ (55 кг), Субҳиддин Халилзода (66 кг) ва Озодӣ Носиров (78 кг), ки ҷойҳои сеюмро гирифтанд, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ба ин тартиб, дар ҳашт вазн миёни писарон варзишгарони Россия, дар як вазн намояндаи Кипр ва дар як вазни дигар гӯштингири Тоҷикистон ғолиб шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






