Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред». (Гузориши хабарнигорон Маъруф Назарзода (ТВ «Тоҷикистон») ва Тоҳирҷони Саид (АМИТ «Ховар»)

Сентябрь 13, 2018 11:18

12 июни соли 2017 Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, коршиносону донишмандон ва дигар намояндагони ниҳодҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баъди иштирок дар Ҳамоиши махсуси сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» аз мавзеи зебоманзари кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ  мавҷуд аст, дидан карданд. Дар ин ҷо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки барои таъмини қисми зиёди аҳолии давлатҳои минтақа бо оби ошомиданӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки аз кули Сарез оби тозаи ошомиданӣ ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб интиқол дода шавад. Амалӣ шудани ин пешниҳод метавонад, шиддати норасоии оби нушокиро барои миллионҳо нафар сокини давлатҳои поёноб аз байн барад. Ин кўли дар тамоми дунё машҳур, ки дар маркази ВМКБ дар баландии 3261 метр аз сатҳи баҳр воқеъ гардида аст. Соли 2011 садсола шуда, 17 км3 оби тозаи ошомиданӣ дорад.

Ҳангоми дидан кардан аз табиати нотакрори кӯли Сарез, шиносоӣ аз имконоти васеи захираҳои об ва таърихи пайдоиши он Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон маънидод карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпўш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. “Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред”, — иброз дошт Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш. Сипас, Антониу Гутерриш ва ҳайати ҳамроҳ ба мавзеи Паткнови ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли оҳангарӣ, табақтарошӣ ва кулолгарӣ дидан намуданд. Дар ин ҷо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид расми дар қолин нақошӣ шудаи ӯ, ки бо ороишоти миллӣ зиннат бахшида шудааст, ҳамчун хотира аз Тоҷикистон тақдим гардид.

Ҳамчунин дар ин мавзеъ фаъолияти зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла пешгирӣ аз паҳншавии маводи мухаддир фаъолияти пурсамар дошта, барои муборизаи муштарак ҷиҳати аз байн бурдани чунин хатарҳо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 расман шомили бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ-СММ гардида, дар давоми 25 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳими худро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тавассути ин созмони калидӣ амалӣ намудааст. Имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро мамлакати ташаббускор дар самти ҳалли мушкилоти обии саёра мешиносад ва иқдомҳои онро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Тоҷикистон мамлакати кўҳсори дорои пиряхҳои бузург, дарёҳои пуртуѓён, кўлҳои зебо, захираҳои оби ширин ва мўъҷизаи дар олам машҳури табиат-кўли Сарез мебошад. Бинобар ин, барои кишвари мо ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масълаи об таваҷҷуҳи махсус дорад ва то эълони Даҳсолаи нав се ташаббуси муҳими ҷаҳониро дар соҳаи об пешниҳод ва тавассути СММ амалӣ намудааст. Акнун бо роҳандозӣ шудани ташаббуси нави Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор,” 2018-2028 бо stop-baldness.net чандин нишасти ҷаҳонӣ ва амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаву барномаҳои калонҳаҷм назари ҷаҳониён ба мавзўи об бештар ҷалб хоҳад гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ин нахустин сафари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз нақш ва мавқеи сазовори кишвари мо бо ташаббусҳои муҳиму саривақтии сатҳи ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид шаҳодат медиҳад.

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018-2028  муҳиму башардўстона маънидод намуд.

DSC_0605

 

Сентябрь 13, 2018 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
ҲАР КӢ НАВРӮЗРО ҶАШН ГИРАД, БА ШОДИВУ ХУРРАМӢ ПАЙВАНДАД! Суратгузориш аз тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Бӯстон
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Суратгузориш аз тантанаҳои наврӯзӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо руҳияи баланд дар «Боғи Ғалаба»-и пойтахт ҷашни аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»