«БА АМАЛҲОИ НОПОКИ ҲИЗБИ МАМНӮИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ БЕТАРАФ НАБОШЕД!». Муроҷиати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо

Сентябрь 14, 2018 09:36

ДУШАНБЕ, 14.09.2018./АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар иртибот ба амалҳои дасисакоронаи ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» изҳорот қабул намуд. Матни он чунин аст:

Кормандони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон таъсиси «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби як гуруҳи фитнаандозу хиёнаткор  дар Аврупо таъсис дода шудааст, инчунин амалҳои номатлуби роҳбарони  ташкилоти террористию экстремистии «Ҳизби наҳзати исломӣ» ва суханронии роҳбари он М. Кабириро дар конфронси Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки барои сиёҳ кардани халқу давлати Тоҷикистон равона гардид, қотеона маҳкум менамояд.

Маҳз  аз ҷониби   ҳамин гуна гуруҳҳои нопоку сияҳкор  бо нияти ноҷавонмардонаи паст задани обрӯ ва коҳиш додани симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ 29 июли соли равон дар шоҳроҳи Кӯлоб – Душанбе як гуруҳи сайёҳони хориҷӣ, шаҳрвандони кишварҳои Аврупо ва Амрико ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.

Бо ин кирдори дасисаангези худ террористони «наҳзатӣ» мехостанд ба афзоиши ҷалби сайёҳон ба кишвари мо монеа эҷод намоянд. Вале, хушбахтона онҳо ба ҳадафҳои нопоки худ нарасиданд. Имрӯзҳо теъдоди сайёҳон аз кишварҳои гуногцуни олам, ки вориди Тоҷикистон мешаванд, торафт меафзояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва ягон қувваи нохалаф наметавонад дар ин роҳ монеа эҷод намояд.

Аз Созмони САҲА тақозо мегардад, ки ба амалҳои нопоку фитнаангези ҳизби мамнуъи наҳзат ва пайравони он бетараф набошад.

 

Сентябрь 14, 2018 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд