БОЗИҲОИ ОСИЁ: назаре ба таърихи онҳо. Қисми 9
ДУШАНБЕ,6.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 1994. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ харитаи Бозиҳои осиёӣ фарохтар гардид. Як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо низ баъди ба даст овардани истиқлолият ба қатори давлатҳои Осиё шомил шуд. Идомаи шарҳи Бозиҳои осиёӣ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Аловиддин Бӯриев пешкаш мегардад.
Истиқлолият ба Тоҷикистон имкон дод, ки Кумитаи олимпии худро соли 1992 таъсис диҳад ва баъди як сол ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Шӯрои олимпии Осиё ворид гардад. Соли 1994 аввалин Бозиҳои осиёӣ буданд, ки варзишгарони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар он ширкат варзиданд. Баъди 20 соли танаффус Камбоҷа ба Бозиҳо баргашт, аммо аз сабаби ҷанг дар Халиҷи Форс Ироқ ба Бозиҳои 12-ум наомад.
Бозиҳои 12-уми осиёӣ аз 2-юми то 16 октябри соли 1994 дар шаҳри Ҳирошимаи Япония баргузор шуданд. Бори аввал Бозиҳо дар пойтахт не, балки дар яке аз шаҳрҳои кишвари мизбон сурат гирифтанд. Сабаби асосии дар Ҳирошима гузаронидани Бозиҳо он буд, ки 49-сол пештар ин шаҳри азим аз бомбаи атомӣ осеб дида буд ва японҳо бори дигар гуфтани буданд, ки сулҳу салоҳ мояи ифтихору тараққӣ аст ва биёед бо ҳам дӯсту рафиқ бошем.
Дар Бозиҳо 6 828 варзишгар аз 42 давлати Осиё дар 34 намуди варзиш иштирок кард. Бори аввал намудҳои варзиши бейсбол, каратэ ва панҷҳарбаи муосир ба барномаи бозиҳо ворид карда шуданд.
Аввалин медали Бозиҳои осиёиро аз Тоҷикистон Исроил Исмоилов дар намуди варзиши карате (кумите, Kumite) дар вазни то 80 килограмм ба даст овард ва сазовори ҷои сеюм шуд. Дар ин вазн Тошиҳито Кокобун аз Япония мақоми аввал ва Нур Шамсӣ аз Сурия мақоми дуюмро касб намуданд.

Паҳлавони тоҷик дар ришатаи ҷудо (judo) Хайрулло Назриев ба гирифтани дуюмин медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ сарфароз гардид. Ӯ дар зӯрозмоиҳо дар вазни то 86 килограмм бо Ким Сук-кю аз Кореяи Ҷанубӣ соҳиби ҷои сеюм шуд. Дар ин вазн Ёшио Накамура аз Япония медали тилло ва Сергей Алимҷанов аз Қазоқистон медали нуқраро ба сабади дастовардҳояшон зам намуданд.
Намудҳои Варзиш
Аспсаворӣ
Бадминтон
Баскетбол
Бейсбол
Бокс
Гуштин
Боулинг
Вазнбардорӣ
Варзиши сабук
Велосипедронӣ
Волейбол
Гимнастикаи варзишӣ
Голф
Дзюдо
Заврақронӣ
Кабодда
Камонварӣ
Каратэ
Қайиқронии академӣ
Қайқронӣ дар каноэ
Панҷҳарбаи муосир
Сепак такро
Софтбол
Таеквондо
Теннис
Тенниси рӯи миз
Тирпаронӣ
Футбол
Хоккей дар рӯи алаф
Ҳандбол
Ҷаҳиш ба об
Шамшербозӣ
Шиноварӣ
Натиҷаи медалҳо










ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид






