Дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» Шоҳҷоиза насиби Мубина Маҳкамова гардид

Сентябрь 5, 2018 09:56

ДУШАНБЕ, 5.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» муайян гардиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дирӯз дар бинои Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба таҷлили Рӯзи китоб ҷамъбасти «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ» баргузор гардид. Дар он ба як гурӯҳ хонандагони макотиби кишвар, ки дар даврҳои озмун маҳорати баланди китобхонии худро нишон доданд, мукофоту туҳфаҳо супорида шуданд.

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода   ҳозиринро бо Рӯзи китоб табрик гуфта, китобро беҳтарин ҳамдаму ҳамрози инсон шуморид. Мавсуф ғолибони озмунро бо мукофотҳои Вазорат қадрдонӣ намуд.

Аз ҷумла, тибқи баҳогузории ҳакамон Шоҳҷоиза насиби Мубина Маҳкамова аз шаҳри Конибодом гардид. Ҷойи якум ба Мижгона Давлатова аз шаҳри Хоруғ, ҷои дуюм ба Робия Қодирова (Кӯлоб), Шаҳрибону Абдуллоева (Турсунзода) дода шуда, се нафар — Фарзона Сафарова (Бохтар), Шукронаи Тоҳир (Душанбе), Манижа Каримзода (Ҳисор) бо ҷойи сеюм қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамчунин ба як гурӯҳ хонандагони мактабҳои кишвар барои иштироки фаъолонаашон ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни муҳассилини муассисаҳои таълимию хонандагони китобхонаҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ сурат гирифт.

Мақсади озмун аз ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстиву китобдорӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, худшиносиву ватандӯстӣ, нангу номуси миллӣ, зебоипарастиву меҳнатдӯстӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим иборат буд.

 

 

Сентябрь 5, 2018 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад