Дар шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи молу маҳсулоти вилояти Самарқанд доир мешавад

Сентябрь 5, 2018 14:57

ДУШАНБЕ, 5.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тақвияти равобити мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 8 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи молу маҳсулоти вилояти Самарқанди Ӯзбекистон доир мешавад.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоишгоҳи мазкур дар доираи сафари намояндагони вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба вилояти Суғд сурат мегирад.

Дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои истеҳсолии Ӯзбекистон молу маҳсулоти худро дар бахшҳои саноати субук, фармасевтика, атриёт, либос, пойафзол ва молҳои гуногуни рӯзгор ба намоиш ва фурӯш мегузоранд.

Ҳамзамон тибқи нақша дар ин рӯз бо иштироки доираҳои тиҷоратии вилоятҳо дар Кохи фарҳанги «Суғдиён» Форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Самарқанд гузаронида мешавад.

Сентябрь 5, 2018 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид