Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёиро бо 7 медал ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 04.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия тӯли 15 рӯз идома карданд, бо маросими пуршукӯҳ шоми 2 сентябр ба анҷом расиданд. Дар ин маъракаи муҳташам беш аз 11 ҳазор варзишгарон аз 45 кишвари қора иштирок доштанд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ, ки аз 18 август то 2 сентябр дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор шуданд, варзишгарон барои 465 маҷмӯи медалҳо оид ба 40 намуди варзиш рақобат карданд.
Дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби Чин дар ҳисоби умумидастаӣ бо касби 289 медал (132 тилло, 92 нуқра ва 65 биринҷӣ) мақоми аввал касб намуд.
Дастаи мунтахаби Япония бо касби 205 медал (75-56-74) дар мақоми дуюм ва дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 177 медал (49-58-70) дар мақоми сеюм қарор гирифтанд. Ба даҳгонаи аввал инчунин дастаҳои мунтахаби Индонезия бо 98 медал (31-24-43), Ӯзбекистон бо 70 медал (21-24-25), Эрон бо 62 медал (20-20-22), Тайпейи Чин бо 67 медал (17-19-31), Ҳиндустон бо 69 медал (15-24-30), Қазоқистон бо 76 медал (15-17-44) ва Кореяи Шимолӣ бо 37 медал (12-12-13) дохил шуданд.
Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ бештар аз 100 касро ташкил медод, ки 81 нафарашон варзишгар буданд. Онҳо дар мусобиқот оид ба 16 намуд – бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнониву румӣ, камонварӣ, каратэ, кураш, қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, самбо, таэквондо WTF, тирандозӣ, ушу, футбол, дзюдо, ҷиу-ҷитсу ва шиноварӣ ширкат варзиданд. Чор медали нуқраро ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ бо натиҷаи 74 метру 16 сантиметр, Беҳрӯзи Хоҷазода дар намуди гӯштини кураш дар вазни то 81 кило, Шаҳриёр Даминов дар мусобиқаи инфиродии қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 1000 метр миёни мардон бо натиҷаи 4:05.950 ва Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд. Аз се медали биринҷӣ дутоашро Комроншоҳи Устопириён дар намудҳои дзюдо ва самбо дар вазни то 90 кило ва яктоашро Шакармамад Мирмамадов оид ба дзюдо дар вазни беш аз 100 кило соҳиб шуданд.

Баъд аз анҷоми Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо гирифтани 7 медал – 4 нуқра ва се биринҷӣ дар зинаи 30-юми раддабандии мусобиқаи Бозиҳои осиёӣ ҷой гирифт.
Бояд гуфт, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ аз соли 1994 то кунун ҷойи 23-юм дар Бозиҳои 14-умини осиёӣ дар Инчон мебошад. Ба ин тартиб, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи осиёӣ сар аз соли 1994 бори ҳафтум ширкат карданд.
Дар маҷмӯъ, дар ин мусобиқоти бузургтарини қитъавӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 28 медал (4 тилло, 7 нуқра ва 17 биринҷӣ) ба даст овардааст.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






