ФУТБОЛ: ғалабаи душвори «Истиқлол» бар «Кӯктош» муборизаро барои медалҳо боз ҳам шиддат мебахшад

Сентябрь 19, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 19.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Нефтяник»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозии марказии даври 17-уми Чемпионати  Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо ғалабаи «Истиқлол» бар «Кӯктош» бо натиҷаи 3:2 ба анҷом расид. Ин натиҷа муборизаро барои медалҳои чемпионати имсолаи мамлакат  боз ҳам пуршиддат хоҳад намуд.

Дар  ҳузури 5 000 нафар тамошобинон футболбозои дастаҳои «Истиқлол» ва «Кӯктош» бозии ниҳоят ҷолиб нишон доданд. Аллакай дар сонияи 20-уми вохӯрӣ Нодирбек Иброҳимов-легионери ӯзбекистонии дастаи «Кӯктош» аз ҷониби довар корти зард гирифт, ки ин аз ҳама тезтарин корти зард дар мавсими  имсолаи футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ мебошад.

Чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон дастаи  «Истиқлол» -и Душанбе метавонист дар дақиқаи 4-ум ҳисобро кушояд, аммо зарбаи пеналтиро  Аҳтам Назаров ба нишон нарасонид, аниқтараш дарвозабони дастаи «Кӯктош» Баҳовиддин Холиқов онро баргардонд. Соҳибони майдон дар дақиқаи 15-ум тавассути голи задаи Меъроҷ Музаффаров ҳисобро кушоданд. Дар анҷоми қисми якум Фатҳулло Фатҳуллоев ҳолати стандартиро бо зарбаи олӣ ба иҷро расонида, ҳисобро баробар кард ва дастаҳо бо ҳисоби мусовии 1:1 ба танаффус рафтанд.

Нимаи дуввуми вохӯрӣ боз ҳам ҷолибтар буд. Сараввал Идан Окран аз ҷазои 11-метра соҳибони майдонро аз нав ба сафи пеш баровад. Ду дақиқа нагузашта, Амирбек Ҷӯрабоев бори дигар ҳисобро мусовӣ гардонд.

Довари вохӯрӣ Гулмуроди Саъдулло маротибаи сеюм дар ин бозӣ  зарбаи пеналтӣ таъйин кард ва ин навбат Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаи 81-ум тӯбро бе хато ба дарвозаи дастаи «Кӯктош» равон кард. Натиҷаи 3:2  ба «Истиқлол»  шароит фароҳам овард, ки то баргузории бозии имрӯзаи дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «Талко Арена» ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқот барояд.

Имрӯз ба ғайр аз дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд», инчунин  дастаҳои «Хатлон» ва «Панҷшер» низ бо ҳам рақобат мекунанд. Бозиҳои  даври 17 –ум 20 сентябр бо ҳузури дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА «Помир» ба анҷом мерасад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Даври  17-ум

«Кӯктош» – «Истиқлол» – 2:3

Голҳо: Меҳроҷиддин  Музаффаров, 15 (1:0). Фатҳулло Фатҳуллоев, 45 (1:1). Идан Окран, 58 – аз пеналти (2:1). Амирбек Ҷӯрабоев, 60 (2:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 81 – аз пеналти (2:3).

Пеналтиро ба нишон нарасонд: Аҳтам Назаров («Истиқлол»), 4 – дарвозабон.

«Кӯктош» (Рӯдакӣ): Баҳовиддин Холиқов (Ишмаэл Колотей, 68), Асилҷон Мансуров (Сироҷиддин Гулмуродов, 67), Принс Артур, Аҳтам Холбоев, Фахриддин Сафарзода, Шоҳназар Назаров, Одил Бобоназаров, Идан Окран, Абдурасул Раҳмонов (Азизбек Султонов, 72), Нодирбек Иброҳимов, Меҳроҷиддин Музаффаров.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Артем Барановский, Шаҳром Сулаймонов (Мухаммадҷон Раҳимов, 17), Табрези Давлатмир, Амирбек Ҷӯрабоев, Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ҷаҳонгир Абдулмуминов, Комрон Турсунов (Дилшод Восиев, 57), Шериддин Бобоев.

Огоҳӣ: Нодирбек Иброҳимов, Аҳтам Холбоев, Меҳроҷиддин Музаффаров, Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Муҳаммадҷон Раҳимов («Истиҳлол»).

Аз майдон ронда шуд: Фахриддин Сафарзода («Кӯктош»), 88 –барои таҳқири довари майдон.

Бозингари беҳтарин: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»).

Довар дар майдон: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).

Комиссари бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).

18 сентябр. Рӯдакӣ. Варзишгоҳи «Нефтяник». 5000  тамошобин.

19 сентябр (чоршанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Панҷшер» – «Хатлон»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

20 сентябр (панҷшанбе)

Оғоз – соати 16:00

«Баркчӣ» – КМВА «Помир»

Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 17 13 3 1 31-15 42
2 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 16 12 3 1 36-14 39
3 «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 17 7 3 7 24-26 24
4 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 16 5 4 7 21-22 19
5 КМВА «Помир» (Душанбе) 16 4 7 5 19-26 19
6 «Хатлон» (Бохтар) 16 5 3 8 17-20 18
7 «Панҷшер» (ҶалолиддиниБалхӣ) 16 2 6 8 12-22 12
8 «Барқчӣ» (Ҳисор) 16 2 1 13 10-25 7

Нишонзанҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд») – 9 , Шериддин Бобоев («Истиқлол») – 7 , Дилшод Восиев («Истиқлол»), Наврӯз Рустамов («Хатлон»/«Регар-ТадАЗ») –  6 тӯб.

Сентябрь 19, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ду майдончаи нави футбол мавриди истифода қарор гирифт
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲОМИИ ВАРЗИШ ВА ПУШТИБОНИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе таҳти ин унвон ба ифтихори Рӯзи варзишгарон чорабинӣ баргузор шуд
Варзишгарони шаҳри Ҳисор соли 2025 соҳиби беш аз 340 медали тилло гардиданд
10 АВГУСТ-РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаш моҳи соли 2025 ба хазинаи варзишии мамлакат 238 медал ворид гардид
Варзишгарони Суғд дар шаш моҳ соҳиби зиёда аз 1520 медал шуданд
Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи варзишгарон ҳамоиши идона доир гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарон дар Панҷакент майдончаи муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Ниммарафони байналмилалии экологии кӯҳии «Seven Lakes» варзишгарони 10 давлати ҷаҳон иштирок намуданд
Ноибони Президенти ФФТ бо ҳолати омодагии варзишгоҳҳои шаҳри Ҳисор ба мусобиқаҳои байналмилалӣ шинос шуданд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 238 медал ба даст оварданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 26 медал шуданд
Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё дар Малайзия ду медали биринҷӣ ба даст оварданд