Имрӯз дар Душанбе китоби Абдулҳамид Самад «Печутоби тақдир» рӯнамоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон китоби ба тозагӣ тарҷумашудаи Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ Абдулҳамид Самад «Печутоби тақдир» (“Зигзаги судьбы”) рӯнамоӣ карда шуд.
Дар маҳфил ректори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Нуралӣ Солеҳов, проффесорон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуда, андешаҳояшонро оид ба ин китоб баён намуданд.
Абдулҳамид Самад дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки китобро Маркази тарҷумаи иттифоқи нависандаҳои Тоҷикистон тарҷума ва ба чоп омода намуд. Дар китоби мазкур тарҷумаи повесту ҳикояҳои солҳои гуногун ҷамъоварӣ шудаанд. Моҳияти китоб ҳаёти инсон, печутобҳои тақдир, пастиву баландиҳои зиндагиро фаро гирифтааст.
Зимни суҳбат дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Азимҷон Аминов зикр намуд, ки «эҷодиёти Абдулҳамид Самад бисёрҷамба буда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Ӯ хислатҳоеро, ки дар ҳаёт мушоҳида кардааст, дар образи қаҳрамонҳояш инъикос карда, ҳамчунин кӯшиш мекунад, ки онҳоро такмил диҳад. Эҷодиёти ӯ бисёр ғанист, ки ин кори тарҷумонҳоро як андоза душвор мекунад. Яке аз хусусиятҳои хоси эҷодиёти А. Самад он аст, ки ӯ дар чанд саҳифа метавонад хислати қаҳрамони нотакрорро офарад. Қаҳрамонҳои ӯ аз ҳаёти воқеӣ гирифта шудаанд, аз ин рӯ хонанда вақти мутолиаи асарҳо онҳоро ба осонӣ қабул мекунад».
Дар фарҷоми маҳфил миёни иштирокдорон ва масъулин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Зикр гардид, ки бо тарҷумаи китобҳо ва ташкил намудани чунин чорабиниҳо ашъори пурғановати олимону нависандагони мо дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ гардида, дӯстдорон ва аҳли қалам доир ба эҷодиёти шоирону нависандагони машҳури ватанӣ ва ҷаҳонӣ маълумоти бештар хоҳанд гирифт.










Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад
Дар муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 18 озмоишгоҳ таъмир ва бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуд
ФАРҲАНГ — ҲАСТИИ МИЛЛАТ. Дар Душанбе аҳли фарҳангу ҳунар қадрдонӣ гардиданд
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Миллатдӯстӣ шарти асосии муқовимат ба таҳдидҳои мафкуравӣ аст
Дар Душанбе Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ доир мешавад
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид






