ИМРӮЗ–РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Обҳои мусаффои «Баҳри тоҷик» сайёҳонро мафтун гардонидаанд
ХУҶАНД, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 дар қаламрави мамлакат бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Рӯ овардан ба ин масъала талаботи замон ва тақозои вақт буда, имрӯз барҳақ фурсати он расидааст, ки барои ташаккул додани туризм дар ҷумҳурӣ ва эҳёи ҳунарҳои хос миллии тоҷикӣ шароит фароҳам оварда шавад. Зеро мутобиқ ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ва дигар институтҳои байналмилалии молиявӣ, туризм хусусан тайи 20 соли охир дар содироти мол ва хизматрасонӣ аз соҳаҳои саноати мошинсозӣ, тавлиди маҳсулоти кимиёӣ, хӯрокворӣ, сӯзишворию компютерӣ чанд қадам ба пеш гузошта, даромади умумии туризми байналмилалӣ имрӯз тақрибан ба 10 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ баробар гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола садҳо ҳазор нафар сайёҳон баҳри дидани табиати нотакрору биҳиштосои ин диёри куҳанзамин ба он ташриф меоранд. Яке аз мавзеъҳое, ки давоми ду даҳсолаи охир дар қаламрави Тоҷикистон чун макони сайёҳӣ ва истироҳатӣ шуҳратёб гардида, таваҷҷуҳи аксар сайёҳони хориҷиро бо мавзеъҳои рўҳафзову тамошобоб, оби мусаффову ҳавои тоза ва манзараҳои мафтункунандаи фароғативу истироҳатӣ ба худ ҷалб намудааст, мавзеи «Баҳри тоҷик», воқеъ дар ҳудуди шаҳри Гулистон ба ҳисоб меравад.
Имрӯз дар соҳили «Баҳри тоҷик» барои истироҳату фароғат ва ҳамзамон табобати сайёҳону меҳмонони дуру наздик чор иншооти истироҳатию табобатӣ амал мекунанд. Ҳамзамон шаҳри Гулистон низ чун шаҳри қолинбофон, геологҳо, энергетикҳо ва моҳидорон таваҷҷуҳи бештари сокинони мамлакат ва хориҷиёнро ба худ ҷалб менамояд.
Бино ба иттилои масъулини соҳаи сайёҳии шаҳри Гулистон, сайёҳӣ дар мавзеи «Баҳри тоҷик» хеле рушд карда, имкониятҳои мусоид барои истироҳату табобат дар минтақаҳои фароғатӣ-истироҳатӣ ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла, осоишгоҳҳои «Баҳористон» дорои 802 ҷой, Шифо» — 146 ҷой, «Соҳил» — 78 ҷой буда, се меҳмонхонаи ҳозиразамон «Наврўз-2000», «Далер-777», «Соҳил» ва маркази солимгардонии «Усмонҷон» дар як шабонарўз имкони қабули зиёда аз 1110 нафар меҳмонону сайёҳони дохиливу хориҷиро доранд.
Имрӯз осоишгоҳҳо бо дастгоҳҳои нави муосири табобатию ташхисӣ муҷаҳҳаз гардида, муолиҷа бо усулҳои физиотерапевтӣ, гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ, табобати маҳсӣ, муолиҷаи бемориҳои системаи асаб, буғумдард, роҳи нафас ва меъдаю рӯда ва дигар намуди табобатҳо ба роҳ монда шуда, инчунин дорои ҳавзҳои шиноварию толорҳои варзишӣ мебошанд. Инчунин барои тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ дар осоишгоҳҳо дўкони фурўши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, тоқию ҷома, табақу коса, маснуоти ороишӣ ва дигар ҷиҳози миллӣ низ ҷой дода шудаанд.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулини осоишгоҳи «Баҳористон» барои бо ҷойҳои фарҳангию таърихии мавзеъҳои дигари зебои вилояти Суғд аз наздик шинос шудани сайёҳону истироҳаткунандагон ва ба ин васила бо таассуроти нек баргаштани онҳо экскурсияи сайёр низ ба роҳ монда шудааст.
Бояд гуфт, ки агар соли гузашта дар осоишгоҳҳои соҳили «Баҳри тоҷик» дар маҷмӯъ зиёда аз 23 ҳазор сайёҳону сокинони Тоҷикистон ва 27 давлати хориҷӣ истироҳат намуда бошанд, пас давоми шаш моҳи сипаришудаи соли равон 1782 меҳмони хориҷӣ ва 9333 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ ба марказҳои солимгардонии «Баҳри тоҷик» ташриф овардаанд. Вобаста ба ин, тибқи иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, маблағи дар ин давра воридшуда аз ҳисоби хизматрасониҳои сайёҳӣ ва табобатӣ 13 миллиону 378,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки аз он 2 миллиону 484,4 ҳазор сомонӣ ба туризми хориҷӣ рост меояд.
Имрӯзҳо баҳри боз ҳам рушд додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, фароҳамоварии шароити хуби фароғату истироҳат баҳри меҳмонону сайёҳон дар минтақаҳои сайёҳии вилоят дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пайваста тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодаанд.
Аз ҷумла, дар Осоишгоҳи «Баҳористон» моҳи марти соли ҷорӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ду иншооти нав — меҳмонхонаи муосири сеошёна ва меҳмонсарои 2-ошёна барои қабули меҳмонони олимақом ифтитоҳ гардиданд. Ҳамзамон барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштаъми табиӣ аз хоҷагии ёрирасон ва маҳсулоти ширӣ, қаннодию нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо аз коргоҳҳои худи осоишгоҳ қобили қабул аст. Инчунин моҳи июли соли ҷорӣ низ дар минтақаи Шӯркӯли соҳили «Баҳри тоҷик» дар масоҳати 31 гектар ба бунёди боз як Осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ барои 1000 нафар санги асос гузошта шуд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи иттилои ширкатҳои сайёҳии бонуфузи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои ҷалбкунандаи мавзеъҳои хуби сайёҳӣ давоми ду соли охир аз зинаи 119 ба 107-ум боло рафта, аз ҷумла, дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» дар садри сеюми болоии ҷадвал пас аз давлатҳои Япония ва Озарбойҷон ҷой гирифтааст. Дар феҳристи умумии мавзеъҳои мафтункунандаи сайёҳии Тоҷикистон мавзеи зебоманзари «Баҳри тоҷик» низ ҷой дорад.
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд фаъолияти 24 ширкати сайёҳӣ ба роҳ монда шуда, мавзеъҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ ба қабули сайёҳон омодаанд. Маҳз муҳайё намудани шароити мусоид ба рушди сайёҳӣ имкон дод, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2018 аз табиати нотакрор ва ҷойҳои таърихии вилоят беш аз 370 ҳазор нафар сайёҳону сокинон боздид намоянд.
Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»