Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар Тоҷикистон туризм ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил меёбад
ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо қабули Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷумҳурӣ ба рушди бемайлони сайёҳӣ қадамҳои устувор гузошта, солҳои наздиктарин он ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил дода хоҳад шуд. Ин нукта дар матлаби табрикотии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки дастраси АМИТ «Ховар» гардид, зикр шудааст.
Дар идомаи матлаб омадааст:
Ҳамасола 27 сентябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар кишварҳои олам аз соли 1979 ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадаф аз ҷашнгирии ин сана тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикос намудани саҳми он дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ байни кишварҳо ва халқиятҳои гуногуни олам мебошад.
Ҳамасола ин ҷашн таҳти шиорҳои гуногун гузаронида шуда, соли 2017 он бо шиори “Сайёҳии устувор – фишанги рушд” ва соли 2018 зери унвони “Сайёҳӣ ва паҳн намудани он дар фазои рақамӣ” баргузор шуда истодааст.
Бо мақсади таҷлили Рӯзи байналмилалии сайёҳӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Панҷакент ва дигар шаҳру ноҳияҳо чорабиниҳои гуногуни тарғиботию ташвиқотӣ ва фарҳангию фароғатӣ гузаронида мешаванд.
Воқеан ҳам соҳаи сайёҳӣ аз сердаромадтарин соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, дар аксари кишварҳои олам ба даромади асосии аҳолӣ табдил ёфтааст.
Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст.
Агар ба манфиатҳои иқтисодии соҳа назар кунем, қисми зиёди даромадҳо бо асъори хориҷӣ ба даст оварда мешаванд, ки барои устувор нигоҳ доштани тавозуни пардохти давлат мусоидат мекунад.
Тибқи таҳлилҳо, ба ҳисоби миёна аз ҳар 1 доллари сарфшуда дар бахши сайёҳӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти ватанӣ мемонад. Сайёҳӣ барои таъсиси ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим, доимӣ ва мавсимӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳар як сайёҳ метавонад барои таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд.
Агар ба омори ҷаҳонии сайёҳӣ назар кунем, шумораи сайёҳон дар ҷаҳон аз 698 миллион нафар дар соли 2000-ум то ба 1 миллиарду 322 миллион нафар дар соли 2017 афзоиш ёфтааст.
Ҳиссаи бахши сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳонӣ аз 6% дар соли 2000-ум то 11% дар соли 2017 баланд шудааст. 7% содироти ҷаҳонӣ ва 30% хизматрасониҳои ҷаҳонӣ ба соҳаи сайёҳӣ рост омадааст.
Бояд зикр намуд, ки рушди бахши сайёҳӣ барои ташкили ҷойҳои кории нави мустақим ва ғайримустақим мусоидат менамояд. Шуғли аҳолӣ дар бахши сайёҳии ҷаҳон 277 миллион ҷойи кориро ташкил дода, то соли 2022 ба 350 миллион нафар мерасад ва мавқеи хосу устувор дорад.
Соли 2017 дар тамоми ҷаҳон қариб 1,2 миллиард сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ анҷом дода шуданд ва мувофиқи пешбинии мутахассисон, ин нишондиҳанда то соли 2022 ба 1,4 миллиард ва то соли 2030 ба 1,8 миллиард сафари сайёҳӣ мерасад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои беҳтарин шароит барои тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ буда, ҳамчун самти афзалиятнок барои рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу тамаддун, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату ҳукумат қарор дорад.
Захираҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон барои рушди навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, фарҳангию таърихӣ, табобатию муолиҷавӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии шикор ва сайругаштӣ имконияти фарохеро фароҳам овардааст.
Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти соҳаи сайёҳӣ барои таъмини рушди иқтисодии мамлакат, ҷалби сармоя, таъсиси ҷойҳои кории нав ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.
Бо татбиқи сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашта, ба ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам оварда шуд.
Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои кишвар ҳамчун мамлакати осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гардид.
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли 2016 ва 2017 як қатор имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, аз ҷумла дар тўли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод кардани ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои сохтмони иншооти сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳҳу табобатгоҳ, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, ба андозаи 50 фоиз коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав ба рушди соҳа такони нав бахшида истодааст.
Дар идомаи ислоҳоти мазкур 12 апрели соли ҷорӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ гардид.
Дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 60 ширкати нави сайёҳӣ таъсис ва ба бозори сайёҳии мамлакат ворид шуда, аз имтиёзҳои фароҳамовардашуда бархурдор гардиданд. Ташрифи сайёҳон бамаротиб афзоиш ёфта, ҷуғрофияи ташрифи онҳо ба 150 мамлакат расид.
Дар ин давра як қатор иншооти инфрасохтори сайёҳӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кушониён, Шамсиддини Шоҳин 2 адад, Ховалинг, Хуросон, Зафаробод, Ёвон, Мурғоб, шаҳрҳои Бохтар (2 адад), Ваҳдат, Хуҷанд, Конибодом 2 адад, Истаравшан, Исфара, Панҷакент 2 адад меҳмонхонаҳои хурду калон бунёд гардида, сохтмони биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар осоишгоҳи “Баҳористон”, бунёди биноҳо ва инфрасохтори замонавӣ дар осоишгоҳи “Зумрад”-и шаҳри Исфара, биноҳои иловагӣ ва инфрасохтор дар маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафеддара, тармиму таҷдиди кули “Варзоб”, бунёди як қатор иншооти инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеи Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ва дигар иншооти инфрасохтории соҳаи сайёҳӣ идома дорад.
Дар баробари ин, маҷмааи фарҳангиву меъмории “Қалъаи “Муғ” дар шаҳри Истаравшан пурра тармиму таҷдид ва мавриди истифода қарор дода шуда, дар ноҳияи Данғара парваришгоҳи ҳайвоноти нодири “Хуталон” ва осохонаи гусфанди “Марко Поло” дар ноҳияи Мурғоб буёнд гардиданд.
Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар соҳили “Баҳри Тоҷик” барои бунёди маҷмааи бузурги сайёҳӣ ва осоишгоҳу меҳмонхонаи муосир барои 1100 нафар санги асос гузошта шуд.
Ҳамзамон роҳандозии тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, амалӣ гаштани низоми соддакардашудаи раводид бо 112 кишвари олам, сохтмон ва таҷдиду азнавсозии як қатор инфрасохтори сайёҳӣ, барои воридшавии ҷумҳурӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон заминаи мусоид гузошта истодаанд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор намудани Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ, фестивалҳои минтақавии сайёҳӣ, форум ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии ҷаҳон, аз қабили ITB-Берлин, “Интурмаркет”, “MITT» Федератсияи Россия, “Топ Реса”-и Фаронса, Форум ва Намоишгоҳи “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” дар як қатор мамолики олам, аз ҷумла шаҳри Сеули Корея, Алмаатои Қазоқистон, Куала-Лумпури Малайзия, Токиои Ҷопон, Тошканди Ӯзбекистон, Риёз ва Ҷиддаи Арабистони Саудӣ, Дохаи Давлати Қатар, Лос-Анҷелеси Амрико, бозомузии мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар як қатор давлатҳои олам ва татбиқи босамари барномаҳои миёнамуҳлати рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат намуданд.
Бахусус ба узвияти Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ пазируфтани шаҳри Душанбе дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои баланд гардидани симои пойтахти азизамон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ такони нав хоҳад бахшид.
Боиси фараҳмандии мост, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври мусбат ва ҷолиб арзёбӣ гардида, мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст.
Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани ҷумҳурӣ, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, ба ҳайси даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рўи таъмини амнияти шабона, инчунин дар қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор ва тирамоҳ барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эътироф шудани пойтахти Ватанамон шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рўи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рўи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шудани соҳаи сайёҳии мамлакат мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.
АМИТ «Ховар»: дар ин рӯз кулли кормандони соҳаи сайёҳии мамлакатро бо ин санаи муҳими соҳавию байналмилалӣ муборакбод мегӯем ва барояшон барори кор орзу менамоем!