Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ 32 санади ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Сентябрь 1, 2018 14:20

ДУШАНБЕ, 01.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  фарҷоми  кори Ҳамоиш ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» 32 санади ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Корея, Австрия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон,  Ӯзбекистон, Британияи Кабир ва Давлати Кувайт ба имзо расонида шуданд, ки аз амалӣ гардидани ҳадафи аслии чорабинии мазкур шаҳодат медиҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» имрӯз аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, рӯзҳои 30 ва 31 август дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамоиш ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-сарзамини сайёҳӣ» бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ доир гардид.

31 август Ҳамоиши  байналмилалӣ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, Раиси шаҳри Норак, роҳбарон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии кишварҳои Корея, Австрия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Британияи Кабир, Кувайт, Чин ва Тоҷикистон дар шаҳри Норак баргузор шуд.

Раиси шаҳри Норак Фатҳулло Ҳурматзода  Ҳамоишро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки шаҳри Норак ҳамчун шаҳри энергетикӣ барои рушди сайёҳӣ мувофиқ мебошад. Иншооти калонтарини гидроэнергетикии кишвар НБО «Норак», соҳили обанбори Норак, табиати афсункори ин ҷо ва дигар захираҳои бойи сайёҳии шаҳр диққати ҳазорон сайёҳони хориҷиро ҷалб месозад.

Ҳамзамон намояндаи Ҳукумати мамлакат – сармутахассиси Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Наботова  ба сухан баромада, перомуни ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳозирин маълумот дод.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода зикр кард, ки мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва мавзеъҳои нотакрори табиати биҳиштосоямон таваҷҷуҳи сайёҳони зиёди хориҷиро ҷалб намуда, Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вобаста ба татбиқи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ корҳои мушаххасеро анҷом дода истодааст.

«Бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳот дар бахши сайёҳӣ, аз қабили ҷорӣ намудани тартиби электронии дастрас намудани раводид ва реҷаи бераводид бо 12 кишвари ҷаҳон, пешниҳоди тартиби соддаи воридшавии сайёҳон ба шаҳрвандони 112 давлати дунё, то 10 рўз тамдид намудани муҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ, дар тули панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, таъсиси мақоми алоҳидаи давлатӣ дар бахши сайёҳӣ ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имконият доданд, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 135 давлати ҷаҳон сайёҳон ташриф оварданд ва ин раванд аз рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун сарзамини дорои имконият ва захираҳои бойи сайёҳӣ будани кишварамон шаҳодат медиҳад»,-гуфт Н.Абдуғаффорзода.

Ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусаллама Қодирова, Роҳбари Агентии рушди байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) Хидеки Танабе, Роҳбари Ассотсиасияи дӯстии Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ Ли Ок Рён ва Котиби генералии Шоҳроҳи Абрешими Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ду Минг Хао маърӯза намуданд.

Дар нимаи дуюми рӯз  Ҳамоиш кори худро дар се панели алоҳида дар мавзӯъҳои «Сайёҳии экологӣ ва муолиҷавӣ-яке аз омилҳои рушди устувор», «Ташаккули арзишҳои фарҳангӣ ва ҳунармандӣ ҳамчун омили ҷалби сайёҳон», «Роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар Тоҷикистон» ва «Саҳми шарикони рушд дар соҳаи сайёҳӣ» идома дода, иштирокдорон дар доираи мавзӯъҳои болозикр мубодилаи афкор намуданд.

Баъдан меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба сайри маконҳои сайёҳии шаҳри Норак, аз ҷумла Боғи анор ва Обанбори  Норак рафтанд.

Бекназари АБӮБАКР,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 1, 2018 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Имконоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария муаррифӣ шуданд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади шиносоӣ бо таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст шуданд
Дар Исфара оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар рушди сайёҳӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботӣ доир гардид
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил гардиданд
Дар Кувайт зарфияти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардид