ОФАРИН! Футболбозони навраси Тоҷикистон ба бозиҳои ¼ -ниҳоии Чемпионати Осиё роҳхат гирифтанд

Сентябрь 27, 2018 10:45

ДУШАНБЕ, 27.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар бозии охирини  гурӯҳи “А”-и Чемпионати Осиё оид ба футбол байни футболбозони то 16-сола  дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар Таиланд бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда ба даври бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳхат гирифт. Ин пирӯзӣ ба ҳамаи мухлисони Тоҷикистон муборак бод!

Вохӯрии дастаҳои мунтахабии Тоҷикистон ва Таиланд мебоист рӯзи гузашта барпо мегардид, аммо аз сабаби борони шадид ин вохӯрӣ ба субҳи имрӯз гузаронида шуд ва он барои мо бобарору шодиовар хотима ёфт. Футболбозони мо тавассути голи аввали Озод Панҷиев дар дақиқаи 39-ум ба сафи пеш баромаданд. Аммо як зарбаи Супанат дар дақиқаи 81-ум дарвозабони мо Мӯҳриддин Ҳасановро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвозааш гирад.

Ба натиҷаи мусовӣ, ки ба нафъи дастаи мо набуд шогирдони Зайниддин Раҳимов қаноатманд нашуда се дақиқа пас аз нав ба сафи пеш баромаданд. Тӯбро Ислом Зоиров ба нишон расонид.

Дар бозии дигари рӯз дастаи мунтахаби Япония мизбонони Чемпионат-дастаи мунтахаби Малайзияро бо натиҷаи 2:0 шикаст дода барои дастаи Тоҷикистон ба бозиҳои ¼-ниҳоӣ роҳ кушод.

Акнун дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳарифи худро дар бозиҳои ¼-ниҳоӣ интизор мешавад.

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  Япония 3 2 1 0 7-2 7
2  Тоҷикистон 3 1 1 1 4-7 4
3  Таиланд 3 1 0 2 7-8 3
4  Малайзия 3 1 0 2 8-8 3

 

 

Сентябрь 27, 2018 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд