Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол-2018: дастаҳои «Истиқлол» ва «Душанбе-83» дар бозии ½-ниҳоӣ бо ҳам рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 11.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар рақобатҳои Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол чемпиони Тоҷикистон- «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Душанбе-83»-и пойтахти кишварамон, ки дар Лигаи якум ҳунарнамоӣ дорад, дар бозии ½-ниҳоӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Дар бозиҳои баргашти ¼- ниҳоӣ «Локомотив-Помир»-и Душанбе бо «Истиқлол» вохӯрда, бо натиҷаи 0:6 мағлуб гардид. Бозии аввали ин дастаҳо ҷолибтар буд ва дар он вохӯрӣ «Истиқлол» бо нишондоди 4:3 ғалаба карда буд. Аммо дар бозии дуввум дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар симои «Локомотив-Помир» ба чемпион муқобилияти арзанда карда натавонистанд.
Дар бозии дигари даври ¼-ниҳоӣ «Душанбе-83» бар «Файзканд»-и Хатлон бо ҳисоби 1:0 пирӯз гардид ва аз натиҷаи ду вохӯрӣ (1:0, бозии якум) ба бозиҳои ½-ниҳоӣ роҳхат гирифт.
Бозии дигари ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Хуҷанд» ва «Барқчӣ» 16 сентябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» баргузор хоҳад шуд.
Ҷоми Тоҷикистон
¼-финал
«Локомотив-Помир» – «Истиқлол» – 0:6
Голҳо: Ҷаҳонгир Абдумуминов, 19 (0:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 28 (0:2). Сиёвуш Асроров, 49 (0:3). Комрон Турсунов, 62 (0:4). Дилшод Восиев, 69 (0:5). Дилшод Восиев, 90 (0:6).
Пеналтиро ба нишон нарасонд: Амирбек Ҷурабоев («Истиқлол»), 34 – дарвозабон.
Огоҳӣ гирифтанд: Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев («Истиқлол»).
«Душанбе-83» – «Файзканд» – 1:0
Гол: Элчибек Рашидбеков, 59.
Огоҳӣ гирифтанд: Бенҷамин Асамоа, Иззатулло Рӯзиев, Бобури Абдулаҳатзода, Дилшод Расулов, Коленс Адухеней («Душанбе-83»), Валиҷон Ҳотамов, Анушервон Наврӯзов («Файзканд»).
Аз майдон ронда шуд: Авуку Калеб («Душанбе-83»), 84 – корти дуюми зард.









Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад






