Профессор Абдураҳмон МУҲАММАД: «Нигаҳдошту эҳтироми истиқлолияти давлатӣ муқаддастарин вазифаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст!»
ДУШАНБЕ, 09.09.2018. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ дорад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр менамоянд: «Мову шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла, хатари нестшавии давлат ва пароканда гардидани миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи ватанамон ҳарчи бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем. Мову шумо ба хотири боз ҳам беҳтар гардонидани шароити рӯзгори мардумамон бояд дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ сарфаю сариштакор бошем, зиёдаравӣ накунем ва фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем».
Ин аст, ки дар тамоюлоти имрӯзаи сиёсати амалӣ, бахусус муколамаҳои доманадор оид ба таносуби дарки арзишҳои муосир ва анъанавӣ муҳтавои асосии падидаи истиқлол пайваста сурат мегирад. Дарвоқеъ, ин амр метавонад дар афкори ҷомеаҳои гуногун гардиши куллие ба вуҷуд орад.
Маълум аст, ки баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 худро кишвари соҳибистиқлол эълон намуда, сипас Президенти худро интихоб ва Конститутсияи худро қабул карда, сохти тараққиёташро интихоб намуд. Мақсади асосӣ- ин бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ буд. Бо ин мақсад Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қарорҳоро, аз қабили «Дар хусуси тасдиқ намудани Низомномаи нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 ноябри соли 1992 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.09.1994 «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи суруди миллӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.03.1995 «Дар хусуси дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон ва эҳтиром намудани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард.
Баъди қабули Қонуни асосӣ, ки ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва таъйидкунандаи рамзу нишонаҳои давлатӣ аст, муносибати шаҳрвандон ба тарзи ҳаёту сохти давлатдорӣ тағйир ёфт. Пеш аз ҳама, Тоҷикистони азизи мо соҳиби рамзҳои нави миллӣ- Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, Пули миллӣ ва Забони давлатӣ гардид. Ин нишону аломатҳо дар раванди рушду нумӯи худшиносии миллӣ, идеяи миллӣ ва тарзи ҳаёти иҷтимоию сиёсии мо таъсири амиқе гузоштанд, ки ҳама ба истиқлолияти сиёсии кишвар вобастагӣ доранд.
Бояд гуфт, ки истиқлолият- ин озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар як давлати мустақил ба шумор меравад. Аз ин рӯ , мо онро дар баробари дигар иду ҷашнҳои бузурги миллиамон, ба монанди Наврӯз, Сада ва дигар идҳоямон мақому манзалати зиёде дода, онро бояд аз ҳама идҳои дигар болотару волотар арзёбӣ намоем.
Вале дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну мундариҷаи он тағйироти муайяне касб менамояд. Новобаста аз ин истиқлол- ин арзишест, ки решаи асосии он истиқлоли шахсӣ мебошад. Ба андешаи ҷомеашиносон, миллате, ки истиқлоли сиёсӣ надорад, маҳкум ба маҳв шудан аст. Дар баробари ин боз андешаҳое мавҷуданд, ки истиқлол волоияти ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ҳама гуна шаклҳои дигари ҳокимият дониста мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки имрӯз нигаҳдорию эҳтироми истиқлолияти давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба Истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста дониста, ба хотири дар амал тадбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги аср муаррифӣ намоем.
Абдураҳмон МУҲАММАД,
ноиби Президенти АИ ҶТ, профессор








Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Бахшида ба он ҳамоиш доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Рашт 9 бинои нави таълимӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ ва 2 китобхона ба истифода дода шуд
Соли 2025 соҳибкорони вилояти Хатлон беш аз 500 километр роҳро мумфарш намуданд
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ 42 километр роҳ таъмири ҷорӣ карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 43 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






