Шаҳбоз Неъматуллоев чемпиони ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён гардид!

Сентябрь 7, 2018 09:15

ДУШАНБЕ, 7.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳбоз Неъматуллоев   дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни донишҷӯён, ки дар Россия баргузор шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Бояд зикр намуд, ки варзишгари тоҷик  дар даври ниҳоии Чемпионат дар вазни то 81 кг бо боксчии Россия Муҳаммадрасул Сулаймонов вориди рақобат шуд.

Дар даври аввали рақобат муштзани тоҷик нисбат ба рақиб  бартарӣ нишон дод. Дар даври дуюм варзишгари тоҷик ин бартариро пурра   ба ихтиёри худ гирифт ва муштзани Россия ба он тоб оварда натавонист.

Ҳамин тариқ, Шаҳбоз Неъматуллоев пирӯз шуда, унвони чемпиони ҷаҳонро миёни донишҷӯён соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Неъматуллоев аввалин муштзан аз Тоҷикистон мебошад, ки ба чунин натиҷа соҳиб мешавад.

 

 

Сентябрь 7, 2018 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд