Шаҳри Остонаи Қазоқистон мизбони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин-2019 интихоб шуд

Сентябрь 26, 2018 09:00

ДУШАНБЕ, 26.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (United World Wrestling) эълон кард, ки  аз 14 то 22 сентябри соли 2019 дар  шаҳри Остонаи Қазоқистон  Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин (гӯштини озод, юнонӣ-римӣ ва гӯштини бонувон) доир мегардад.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, чемпионати ҷаҳон дар соли 2019 нахустин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 дар Токио хоҳад буд.

«Боварии комил дорам, ки чемпионати ҷаҳон дар Остона барои варзишгарон, мураббиён ва мухлисон хотирмон хоҳад шуд», — гуфтааст президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович.

Бояд зикр, ки ғолибони 6 вазни олимпӣ дар гӯштини озод, 6 вазн дар гӯштини юнонӣ-римӣ ва 6 вазн дар гӯштини бонувон соҳиби аввалин роҳхатҳои олимпӣ мегарданд. Роҳхатҳои дигар дар мусобиқаҳои қитъавӣ ва интихобӣ дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳони соли 2018 оид ба гӯштин 20-28 октябр дар шаҳри  Будапешти Венгрия баргузор мешавад.

 

Сентябрь 26, 2018 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд