Таэквандочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё соҳиби 8 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF дар Чемпионати кушоди Осиё, ки дар шаҳри Атерауи Қазоқистон баргузор шуд, ба гирифтани 8 медал мушарраф гардид.
Тавре аз Федератсияи таэквандо WTF-и Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур рӯзҳои 8 ва 9 сентябри соли равон сурат гирифт. Аз миёни таэквандончиёни тоҷик Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73 кг ва Амал Иброҳимов дар вазни 59 кг барандагони медали тилло гардида, унвони ифтихории чемпиони аввалин мусобиқаи кушоди Осиёро соҳиб шуданд.
Рамазон Мирзоев дар вазни 59 кг, Маснавӣ Хоҷаев дар вазни 61 кг ва Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов ба дарёфти мақоми дуюми мусобиқоти мазкур комёб шуданд. Ҳамзамон ба се тан аз варзишгарони дигари тоҷик, бо шумули Насиба Давлатова, Лутфуллои Алиҷон ва Асланбек Фозилов муяссар шуд, ки ба гирифтани зинаи сеюм ва нишонҳои биринҷӣ даст ёбанд.
Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквондо WTF аз нахустин Чемпионати кушоди Осиё бо 8 медал, аз ҷумла ду тилло, 3 нуқра ва се биринҷӣ ба Ватан баргашт.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






