Вохӯрии дуюми дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Япония мусовӣ анҷом ёфт

Сентябрь 24, 2018 09:04

ДУШАНБЕ, 24.09.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз  дастаи мунтахаби то 16-солаи  Тоҷикистон дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 миёни футболбозони то 16-сола, ки дар гурӯҳи «А» ҷараён дорад, бо дастаи мунтахаби  Япония вориди  рақобат шуд.

Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бозии мазкур дар варзишгоҳи «UM Arena»-и  шаҳри Куала-Лумпури  Малайзия  сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 0:0 ба поён расид.

Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур дастаи  мунтахаби  Таиланд  бо дастаи мунтахаби  Малайзия вориди рақобат гардида, бо ҳисоби 4:2 пирӯз омаданд. Баъд аз ду бозӣ дастаи мунтахаби Япония бо касби 4 имтиёз садрнишини ҷадвали гурӯҳи «А» ба шумор меравад.

Дар зинаҳои дуюм ва сеюм мутаносибан дастаҳои мунтахаби  Таиланд ва Малайзия бо дарёфти 3-имтиёзӣ қарор доранд.

Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирини ҷадвал мебошад. Бозингарони ин даста 26 сентябр дар бозии охирини марҳилаи гурӯҳии Чемпионати Осиё-2018 бо дастаи мунтахаби Таиланд вохӯрӣ мегузаронанд.

Сентябрь 24, 2018 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт