Қаиқронони шинохтаи тоҷик дар Самарқанд соҳиби ду медали дигар гардиданд

Октябрь 24, 2018 15:50

 ДУШАНБЕ, 24.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони   шинохтаи тоҷик Абдусаттор Ғаффоров ва Саидилҳомхон Назиров дар рӯзи дуюми мусобиқаҳо оид ба қаиқронӣ, ки дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ҷараён доранд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре аз Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон иттилоъ доданд, ин навбат Абдусаттор Ғаффоров сазовори ду медал гардид.

Абдусаттор дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 1000 метр медали биринҷиро соҳиб шуд. Дар ин қувваозмоӣ ҷои аввалро Алексей Мочалов аз Ӯзбекистон, ҷои дуюмро Ибрагим Шарафутдинов аз Қазоқистон ишғол намуданд.

Абдусаттор ҳамчунин дар байдаркаи дунафарӣ ҳамроҳ бо Саидилҳомхон Назиров дар масофаи 1000 метр сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҷуфти варзишгарони Қазоқистон – Давлат Султонбеков/Александ Эмелянов медали тилло, ҷуфти варзишгарони Ӯзбекистон – Александр Тропин/Вилям Ибрагимов медали нуқра гирифтанд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, варзишгари маъруфи тоҷик Шаҳриёр Даминов дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Шаҳриёр ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми Осиё оид ба қаиқронӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20 октябр оғоз гардида, фардо, 25 октябр анҷом меёбад.

 

Октябрь 24, 2018 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид
Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид