Дар Душанбе ҷаласаҳои IV ва V Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид

Октябрь 29, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 29.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои IV ва V Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. Дар он масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Кумита, натиҷаи таҳлил оид ба беҳтар намудани иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии савдо (СУС), рушди транзит ва ҳамлу нақли байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа хабар медиҳад, ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода ифтитоҳ намуд. Зикр шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди содирот ва воридоти молу маҳсулот дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020, Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва  воридивазкунандаи ҶТ барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои зиёди ислоҳотӣ амалӣ гардида истодаанд, ки онҳо ба тақвияти содироти ҷумҳурӣ такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.

Ба иттилои Вазир, бо мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии молу маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва дастгирии молистеҳсолкунандагони дохилӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот ва баланд бардоштани қобилияти рақобат» таҳия гардид, ки айни замон дар марҳилаи қабул қарор дорад. Дар ин давра дар доираи фаъолияти Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, бо дастгирии шарикони рушд, бахусус Маркази байналмилалии тиҷорат ва комиссияи иқтисодии аврупоии СММ котиботи Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо ташкил карда шуд, ки ҳадафи асосии он тақвияти фаъолияти Кумита, ҳамоҳангсозӣ ва пешбурди мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти содагардонии расмиёти савдо мебошад.

Сипас аз ҷониби муовини якуми  Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода дар бораи корҳои анҷомдодашуда, ташкили котиботи доимоамалкунандаи Кумита татбиқи муқаррароти Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ва лоиҳаи пешакии Харитаи роҳ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ (аъзои Кумита), ташкилоти тиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Тоҷикистон (аъзои Кумита) ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими кишвар низ иштирок доштанд. Муколамаи озод байни мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ сурат гирифта, оид ба беҳтар намудани иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС, рушди транзит ва ҳамлу нақли байналмилалӣ як зумра таклифҳо барои баррасӣ пешниҳод гардиданд. Дар натиҷаи ҷаласа вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба аъзои Кумита супоришҳои дахлдор дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки мутобиқи талаботи Созишномаи СУС оид ба содагардонии расмиёти савдо ва бо мақсади таъмини ҳамкории байниидоравии вазорату идораҳои дахлдор, корхонаҳо ва ташкилот, таъмини ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар масъалаи содагардонии расмиёти савдо ва боркашонӣ дар савдои хориҷӣ дар кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016 Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуд.

Мақсади асосии Кумита муайян намудани мушкилоти ҷойдоштаи бахши хусусӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, афзоиш ва диверсификатсияи содироти маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб меравад.

Амалӣ намудани муқаррароти Созишномаи СУС имкон медиҳад, ки дар кишвар ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ ва транзити молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин татбиқи Созишномаи мазкур дар маҷмӯъ ба тезонидани ҷараёни татбиқи низоми иттилоотии «Равзанаи ягона», огоҳонидани субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ФИХ), кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ҳангоми амалиёти содиротию воридотӣ нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардидаи самти мазкур ва татбиқи усули идоракунии таваккал дар сарҳад ҳангоми содироту воридот тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Октябрь 29, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад
Ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД — НАРХ ГАРОН. Чаро дар Тоҷикистон нархи моҳӣ баланд аст?
Байни Тоҷикистон ва БАТР якчанд созишномаи нав ба имзо расид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2400 километр роҳҳо сохта шуданд
Корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Anuga» иштирок доранд
Таҳкими ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар бахши молиявӣ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар самти гузариш ба энергетикаи «сабз» саъю талоши пайваста менамояд
4 ОКТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот муайян гардидааст
Тоҷикистон ба панҷгонаи давлатҳои бештар осебпазир аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим дохил мегардад
Тоҷикистон ҳамкориро бо Қирғизистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия густариш медиҳад