Дар шаҳри Деҳлӣ Фестивали ҳунарҳои зебо ва фарҳанги махсус барои ҳунармандони маъюб баргузор мегардад

Октябрь 26, 2018 10:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 4 ноябри соли равон   дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон Фестивали ҳунарҳои зебо ва фарҳанги махсус барои шахсони дорои имконияти маҳдуд баргузор мегардад.

Тавре аз Иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосии фестивали мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳаёт ва ҳуқуқҳои шахсони дорои имконияти  маҳдуд, дастгирии иҷтимоии онҳо тавассути таълим, баланд бардоштани неруи онҳо, таъмини иштироки ин қишри ҷомеа дар  ҳаёти фаъол тавассути барномаҳои фарҳангӣ ва илмӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар фестивал ҳунармандони дорои имконияти маҳдуди зиёда аз 100 давлати ҷаҳон ҷамъ меоянд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фестивали фарҳангӣ ҳунарманди Ансамбли давлатии «Фалак»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлуба Раҳимова ва мутахассиси рақсҳои рӯи аробачаи маъюбӣ Шоҳзода Султонбоева ширкат меварзанд.

Бояд зикр кард, ки имрӯзҳо дар кишварамон шароити будубоши шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд.

Ёдовар мешавем, ки Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад.

Октябрь 26, 2018 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад