Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 — фазои мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар
ДУШАНБЕ, 12.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ»- таҳти чунин унвон 15 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми чоруми байналмилалии соҳибкории Душанбе -2018 доир мегардад. Форуми мазкур дар доираи таҷлили чорумин солгарди Рӯзи соҳибкор таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида мешавад, ки ҳадафаш рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе-2018 буда, интизор меравад, ки дар ҳамоиши байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат баррасӣ шуда, пешниҳодҳои судманд манзур гарданд.
Форуми чоруми байналмилалии соҳибкории Душанбе -2018 барои муколамаи навбатӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар, тақвияти ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд.
Интизор меравад, ки дар Форуми байналмилалии Душанбе-2018 доираҳои соҳибкорони мамлакат, шарикони рушд, созмонҳои бонуфузи молиявӣ, инчунин сармоягузорони беш аз 20 кишвари бузурги қораи Аврупою Осиё ва Африқо ширкат намоянд.
Бино ба иттилои муовини сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Замира Ҷӯразода, Форум дар шаш панел- сайёҳӣ, ҳунармандӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва сармоягузорӣ ба навовариҳо барои рушди инфрасохторӣ гузаронида мешавад.
Ҳамзамон дар доираи Форуми байналмилалии Душанбе -2018 ҳамоишу мулоқоти доираҳои соҳибкорони кишвар бо ҳамтоёни хориҷии худ ва сармоягузорон дар шакли B2B ва B2G баргузор гардида, қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасанд.
Дар доираи Форум Намоишгоҳ таҳти унвони «Made in Tajikistan» намоиши молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ташкил гардида, ҳамзамон беҳтарин лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва захираю имкониятҳои соҳибкорию сармоягузрии Тоҷикистон муаррифӣ мегарданд. Баргузории Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе- 2018 фазои мусоидро барои муколамаи самарабахш ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушд тавассути роҳандозии робитаҳои иқтисодӣ фароҳам меорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






