ИДИ МЕҲРГОН ЯКЕ АЗ РУКНҲОИ МУҲИМИ ХУДШИНОСИВУ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН МЕБОШАД! Дар Душанбе ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Меҳргон ба диёрамон сафо оварда, мероси пурарзиши аҷдодонамон ба ҳисоб меравад. Он яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву ҳувияти миллии тоҷикон мебошад. Ин нуктаро имрӯз, 13 октябр Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар тантанаҳои идонаи ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон, ки дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Шукӯҳи ДАЛЕР аз макони тантанаҳои ҷашнӣ, ки бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора, кумитаҳо ва ҳазорон нафар шаҳрвандон дар фазои сулҳу ороми Ватан баргузор гардида истодааст, иттилоъ медиҳад.
Абудҷаббор Раҳмонзода меҳмонон ва иштирокдоронро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда, гуфт: «Ҷашни Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон ҷойгоҳи ба худ хос дошта, мардуми мо арзишҳои волои онро дар хотираи таърхии хеш на танҳо чун дурри гаронбаҳои маънавӣ ҳифз кардаанд, балки сарфи назар аз фишори аҷнабиён дар давоми ҳазорсолаҳо расму оини худро вобаста ба талаботи давру замон васеъ таҷлил мекарданд».
Зикр шуд, ки маҳз таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлат ба гиромидошт ва эҳёи ҷашнҳои миллӣ буд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат иди Меҳргон аз нав бо тамоми шаҳоматаш эҳё шуда, ба қатори беҳтарин маросимҳои миллӣ ворид гардид ва ҳар сол тантанавор ҷашн гирифта мешавад.
Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни таҷлли ҷашни 80-солагии таъсиси Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гуфта буданд: «Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд».
Зимнан, истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза гардид. Зеро бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 иди Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гашта, дар баробари ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, то мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.
Вожаи меҳргон аз ду ҷузъ иборат буда, дар луғатномаҳо дар борааш чунин шарҳ омадааст: «меҳр» — муҳаббат, самимият, дўстӣ ва «гон» — далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рўз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад.
Аз давраи Сомониён ба баъд шоирон ашъори зиёде дар васфи Меҳргон сароидаанд ва тавассути ин шеърҳо фаро расидани ҷашни Меҳргонро ба шоҳон ва мардум табрик мегуфтанд.
Рӯдакӣ ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон амири Сомонӣ Насри дувумро табрик намуда, омадани айёми шодиву сурурро таъкид кардааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Ҳамчуноне ки дар ҷашни Наврӯз мутрибон оҳангҳое, мисли «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Қайқубод», «Наврӯзи Хурдак», «Сози Наврӯз», «Боди Наврӯз» офарида буданд, дар айёми Меҳргон низ навоҳои дилангезе бо номҳои «Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» ва ё ғайра аз ҷониби навозандагон ва хунёгарон тадвин мешуданд. Низомӣ дар тавсифи «Навои меҳргонӣ» менависад:
Чу нав кардӣ Навои меҳргонӣ,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрбонӣ.
Дар бисёре аз сарчашмаҳо, аз ҷумла дар «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ, «Бундаҳишт», «Ёдгори зарирон» ва дигар асарҳо оид ба иди Меҳргон омадааст, ки ин ид дар рӯзҳои понздаҳ ва шонздаҳуми меҳрмоҳ ҳамчун иди шукронаи офтоб ҷашн гирифта мешавад. Дар ин маврид Масъуди Саъди Салмон чунин мегӯяд:
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон,
Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон!
Ёдовар мешавем, ки дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон аз ҷониби деҳқонону ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш — ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва сайругашти оммавӣ баргузор гардида, устодони санъати тоҷик табъи иштирокдоронро болида гардониданд.
Суратгир М. Муҳиддинҷон (АМИТ «Ховар»)

































ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҷамъомад баргузор шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ. Аз таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 19 сол пур шуд
Неругоҳи барқи обии «Себзор» давоми фаъолият беш аз 21 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
Агентии «Тоҷикстандарт»: «Аз маҳсулоти ширкати «Nestle» бо тамғаи NAN дар марҳилаи муайяншуда истифода набаред!»
Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ тақвият медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон: иттилои паҳншуда дар бораи он, ки Бонки миллӣ бо 1 фоиз қарз медиҳад, воқеият надорад






