Имрӯз дар Душанбе Кинофестивали 8-уми байналмилалии «Дидор» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик 8-умин Кинофестивали байналмилалии «Дидор» баргузор мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз «Хонаи кино» (Кинотеатри «Зебуннисо»)-и шаҳри Душанбе мунаққиди соҳаи кино Саъдулло Раҳимов хабар дод, дар кинофестивали мазкур филмҳои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Россия, Муғулистон, Украина, Эстония, Гурҷистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон ва Ӯзбекистон ба намоиш гузошта мешаванд. Бояд гуфт, ки дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор» тӯли 5 рӯз беш аз 60 филми гуногунҳаҷм ба намоиш гузошта мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, Кинофестивал имрӯз, соати 18:00 дар театри ба номи А. Лоҳутӣ ифтитоҳ меёбад. Дар Кинофестивали байналмилалии «Дидор» зиёда аз 20 филми тоҷикӣ ба намоиш гузошта мешаванд, ки аз ин шумора 9 филм пурра ва 12 –тояш филмҳои кӯтоҳметраж мебошанд.
Инчунин дар доираи кинофестивал «Барномаи ҳамсояҳо» доир шуда, филмҳо аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон намоиш дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 16 октябр дар Тоҷикистон Рўзи кинои тоҷик таҷлил гардида, бахшида ба ин рӯз ҳамасола аз 16 то 20 октябр Кинофестивали байналмилалии «Дидор» доир мегардад.
Кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намуда, дар тўли 88 соли мавҷудияташ симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос кардааст. Кинои тоҷик тӯли ин солҳо ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро то андозае иҷро карда, ҳамчун оинаи миллат мардуми моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар доираи Кинофестивали байналмилалии «Дидор» намоиши филмҳо ҳамарӯза аз соати 10:00 то 20:00 тавассути 5 намоиш пешниҳод мешаванд.








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






