ИМРӮЗ-РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Забонҳои бумӣ захираи фаровони вожаҳо барои луғатномаҳоянд
ДУШАНБЕ, 05.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Забонҳои бумӣ, ки забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳои он дар сафи пеши онҳо қарор доранд, инчунин забонҳои яғнобӣ ва бадахшонӣ забонҳои қадимии миллатамон буда, захираи фаровони интихобу ворид намудани вожаҳо ба луғатномаҳои забони тоҷикӣ маҳсуб меёбанд.
Ин нуктаро иштирокдорони Конференсияи ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони «Муҳити корбурд ва инкишофи забонҳои бумии Тоҷикистон» баргузор гардид, зикр намуданд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҳамоиши мазкур имрӯз дар Китобхонаи миллӣ доир гардид. Дар конференсияи ҷумҳуриявӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ Сафолзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология Гавҳар Шарофзода, забоншиносони варзидаи мамлакат, олимону муҳаққиқони соҳа иштирок намуда, вобаста ба мавзӯъҳои пешниҳодгардида андешаю мулоҳизаҳои худро баён доштанд.
Гавҳар Шарофзода ҳозиринро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, зикр кард, ки ҳамасола ба хотири гиромидошти Рӯзи забони давлатӣ Кумитаи забон ва истилоҳот чорабиниҳои зиёд баргузор менамояд, ки ҳамоиши имрӯза аз ин ҷумла аст.
«Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушду такомули забони тоҷикӣ шароити созгор фароҳам овард. Аҳамияти беназири Қонуни мазкур дар ҳаёти имрӯза баръало собит гардид. Дар ин давра комёбиҳои назаррас дар ғановати истилоҳот, вожасозиҳои меъёрии забони тоҷикӣ, номгузориҳои шаҳрвандон ва ҷуғрофӣ, арҷгузориҳо ба ин рукни ҳастии миллат ба даст оварда шуданд, ки онҳо ба худшиносиву худогоҳии миллати сарбаланди мо мусоидат менамоянд»,-иброз дошт Гавҳар Шарофзода.
Иштирокдорони конференсия дар мавзӯъҳои «Забони миллӣ ва меъёрҳои забони адабӣ», «Ҷанбаъҳои сотсиолингвистии забонҳои бумии Тоҷикистон», «Омилҳои косташавии забон», «Забони тоҷикӣ ва забони бумии ин марзу бум», «Наввожаҳои иҷтимоӣ дар забони тоҷикӣ», «Шоҳнома ва асолати забони тоҷикӣ» ва дигар ҷанбаъҳои муҳими забони миллӣ ва забонҳои бумии Тоҷикистон, умумият ва пайванди таърихии онҳо мубодилаи афкор намуданд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ забони бумиёни асливу бунёдии тоҷикони ин сарзамин ба сифати забони давлатӣ маҳсуб ва қабул шуда, дар мақоми аввал қарор дорад.
Зикр гардид, ки дар шарқи Тоҷикистон ҳафт забони қадимии эронӣ ва забони яғнобӣ дар шимоли кишвар мавҷуданд. Онҳо калимаву ибораҳои зиёдеро мавриди истифодаи васеъ қарор додаанд, ки дар забони адабӣ камистеъмоланд ё тамоман аз истифода баромадаанд. Инро метавон захираи забони тоҷикӣ барои вожасозиҳо номид.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ба забони миллӣ ва забонҳои бумии кишвар бо он ғановате, ки онҳо доранд, хатаре таҳдид намекунад. Ин бори дигар устувории забони тоҷикиро собит менамояд.
Ҷасур АБДУЛЛО,
АМИТ «Ховар»








ҶАШНИ САДА. Он чун унсури барҷастаи мероси фарҳангии башарият сазовори ҳифз ва таблиғ дар саросари ҷаҳон аст
Ҳамкории «Тоҷикфилм» бо Институти миллии аудиовизуалии Фаронса тақвият меёбад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Ғолибони озмун дар баробари мукофотпулӣ аз кадом имтиёзҳо бархӯрдор мешаванд?
26 январ дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди Қасри бостонии Ҳулбук корҳои ободкорию сабзгардонӣ идома доранд
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ давраи омузишӣ баргузор шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
Сокинони шаҳри Исфара соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд
Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе маркази омӯзиши забони чинӣ таъсис дода мешавад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад






