Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосили марди деҳқон аст

Октябрь 15, 2018 09:45

ДУШАНБЕ, 15.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 15 октябр дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад. Меҳргон яке аз идҳои бузурги суннатии кишоварзии халқи тоҷик ба шумор рафта, дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодии мардуми форсизабон- Сада ва Наврўз қарор дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:  «Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст».

Бояд гуфт, ки истиқлолият ба ҷашни Меҳргон умри дубора бахшид. Аз  5 августи соли 2009 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили иди Меҳргонро дар тамоми гӯшаю канори мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда,  Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста талош меварзад, ки мероси ғании фарҳангӣ, расму оини гузаштагон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ таҷлил гарданд.

Аз ин рӯ ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.

Тибқи  сарчашмаҳо, Меҳргон дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешуд. Дар ин айём рӯзу шаб баробар мегардад ва бо ин сабаб номи ин моҳ Меҳр  номгузорӣ шудааст. Мувофиқи ойини гузаштагон, дар рӯзҳои ҷашни
Меҳргон маросимҳои зиёде барпо мешуданд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб фаро мерасид.

Донишмандони  тоҷик таърихи ҷашни Меҳргонро беш аз 3 ҳазор сол донистаанд. Ба андешаи онҳо,  Меҳр номи Офтоб буда, дар ойини Сосониён дар Меҳрмоҳ  тоҷеро, ки дар он сурати Офтоб тасвир шуда буд, ба сар мегузоштанд.

Абулқосим Фирдавсӣ, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол пайдоиши ин ҷашнвораро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромадааст. Ин моҳ дар байни мардуми мо бо номи Мизон ҳам маъмул буда, давомнокиаш 30 рӯз аст ва аз 23 сентябр то 22 октябр давом мекунад.

Тибқи сарчашмаҳои ҷойдошта, суғдиён ҳангоми таҷлили ҷашни Меҳргон оташи муқаддас афрӯхта, дастурхони идона бо ҳафт меваи меҳргонӣ ва гандум, ки неъмати худовандӣ ва сабаби бақои инсоният аст, меоростанд. Ниёгони  мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд. Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.

Ба таъкиди Пешвои миллат, ид ва ё санаи муҳим танҳо ба хотири ҷашн нест.  Таҷлили  ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад.

Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, хавфи норасоии озуқаворӣ шиддат меёбад. Бинобар  ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуда истодааст. Ин омил моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намоем. Зеро бо афзоиш ёфтани  маҳсулоти озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ метавонад  ба яке аз соҳаҳои сердаромад табдил ёбад.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Уроқов, имрӯз  моро зарур аст, ки дар самти сиёсати аграрӣ ба омўзиши мунтазами тағйирёбии талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти истеъмолшаванда ва талаботи бозорҳои берунӣ ба маҳсулоти содиротии кишоварзӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ намоем. Ин амал имконият медиҳад, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ барои навъи маҳсулоти рақобатпазир сари вақт ва дар ҳаҷми талаботи бозори дохилию берунӣ тарҳрезӣ шавад. Инчунин барои татбиқи вазифаҳои ин соҳа моро зарур аст, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакатамонро дучанд намуда, истифодаи оқилонаи захираҳои табииро ба роҳ монем.

«Сол то сол, аз Меҳргон то Меҳргон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд шуда истодааст. Ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалла, картошка, меваю сабзавот, пахта, асал ва дигар навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ қадами муҳиме дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Кишоварзони тоҷик ҳамчунин ҳазорҳо тонна меваю сабзавот ва хушкмеваро ба мамолики хориҷӣ содир мекунанд»,- иброз дошт Ёқубҷон Уроқов.

Хулоса, ҷашни Меҳргон таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани иди Меҳргон қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  ба тасвиб расида,  13 октябр дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе тантанаҳои идонаи ҷашни  Меҳргон ва Рӯзи кишоварзон бо шукӯҳу шаҳомат  баргузор гардиданд.

Таҳияи Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2018 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ҳамкориро дар масъалаи саводнокии рақамӣ бо Барномаи рушди СММ тақвият медиҳад
Барои инъикоси Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ шароити мусоид фароҳам гардидааст
Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол беш аз 18 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахта беш аз 12 ҳазор тонна муайян карда шудааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо БАТР дар самти ҷалби сармоя ба технологияҳои нав баррасӣ гардид
Душанбе мизбони Форуми дуюми байналмилалии «Digital Tajikistan» мегардад
Ноҳияи Ёвон нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
ИСТЕҲСОЛ ЗИЁД — НАРХ ГАРОН. Чаро дар Тоҷикистон нархи моҳӣ баланд аст?
Байни Тоҷикистон ва БАТР якчанд созишномаи нав ба имзо расид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон беш аз 2400 километр роҳҳо сохта шуданд
Корхонаҳои коркарди хушкмеваи Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «Anuga» иштирок доранд