«МИЛЛАТАМ ТОҶИК-ЗАБОНАМ ТОҶИКИСТ». Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ дар Академияи илмҳо конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» конференсияи байналхалқии илмӣ-назариявӣ доир гардид.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар маросими ифтитоҳи конференсия президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода сухан карда, иштирокдоронро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуданд.
Зикр гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намуд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт, фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дода, мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст. Гиромидошт, риояи меъёрҳо ва татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як фард ба ҳисоб меравад.
Дар конференсия олимону забоншиносони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм, Иттифоқи нависандагон ва дигар муассисаҳои давлатӣ дар бораи бузургии забони тоҷикӣ, мушкилот ва ҳифзу нигоҳдошти он дар ҷаҳони муосир андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла таъкид шуд, ки дар тӯли таърих фарзандони миллати тоҷик ҳамеша пайи нигоҳ доштани забони миллӣ, арзишҳои миллӣ, асолати миллӣ, ҳувияту худшиносии миллӣ ва фарҳангу тамаддун талош намуда, аз давлату миллати худ дифоъ кардаанд.
Ҳамакнун ин рисолатро дар охирҳои асри XX ва авалҳои асри XXI Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Дар радифи ҳифзи дигар арзишҳои миллиамон, дар поянда ва бегазанд нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки як рукни шинохти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, саҳми Пешвои миллат хеле бузург аст. Воқеан дар даврони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки яке аз онҳо забони давлатӣ аст, ҳомие зарур буд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон дар ситоиши забони тоҷикӣ шеърҳо қироат шуда, ҳамоишро рангину таъсирбахш гардониданд.
Конференсияи илмӣ аз ду бахш иборат буда, бахши аввал дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИҶТ ва бахши дуюм дар Китобхонаи миллии ҶТ доир мегардад. Давоми рӯз забоншиносон дар мавзӯъҳои «Масъалаҳои ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ», «Афкори забоншиносии тоҷик дар замони Истиқлолият», «Равандҳои нав дар забоншиносии муосири тоҷик», «Миллатам тоҷик-забонам тоҷикист», «Имлои забони тоҷикӣ ва татбиқи он дар замони Истиқлолият», «Оид ба мушкилиҳои грамматики тарҷума», «Нақши ҳунарҳои мардумӣ дар рушди забони тоҷикӣ» ва ғайраҳо маърӯза менамоянд.










«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд
Дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим — шаҳри Андичароғ бозёфт гардид
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳаваскорони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмун гардиданд
Китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои синфи 8 дар таҳрири нав ба нашр расид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи илм ва маориф конференсияи байналмилалии илмӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Темурмалик тақсими «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ оғоз гардид






