Нозирони наврасони тоҷик дар озмуни байналмилалӣ дар Краснодар сазовори ҷойи аввал гардиданд

Октябрь 16, 2018 14:10

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 15 октябри соли равон дар Маркази кӯдакони россиягии шаҳри Анапаи Краснодари Федерасияи Россия озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» баргузор гардид. Дар он дастаҳои Тоҷикистон ва Беларус мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, 15 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ғолибони озмунро бо шукӯҳу шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд.

Озмуни мазкур миёни  51 дастаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия доир гардид.

«Иштирокчиёни озмуни байналмилалии «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз рӯйи 8 шарт маҳорати худро санҷиданд. Аз ҷумла, оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, риоя намудани аломатҳои роҳ, вазифаи хонагӣ — навори видеоӣ дар мавзӯи «Нозирони наврас волидонро меомӯзонанд!» таҳия ва пешниҳод гардид»,-илова намуд манбаъ.

Мавриди зикр аст, ки миёни иштирокчиёни озмуни мазкур дастаҳои Тоҷикистон ва Беларус ҷойи аввал, Ӯзбекистон ва Қазоқистон зинаи дуюм ва дастаҳои Қирғизистон ва Озарбойҷон мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки наврасони тоҷик соли шашум аст, ки дар чунин озмунҳо сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Октябрь 16, 2018 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид