ТАБОБАТ ВА ТАҚАЛЛУБ. Ҳангоми хариди маводи доруворӣ ва дигар маҳсулот ҷиддиву эҳтиёткор бошед!
ДУШАНБЕ, 12.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тайи беш аз як моҳи пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави ҷумҳурӣ 58 дорухона мавриди санҷиш қарор дода шуда, нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ 17 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Дар ин бора аз Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд.
Бояд зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсил, ки 1 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, суханронӣ намуда, талаб карданд, ки «дорухонаҳое, ки доруворӣ ва маводи тиббии бесифат, муҳлаташ гузашта, қалбакӣ ва бо роҳи қочоқ воридшударо ба фурӯш мебароранд, аз иҷозатнома маҳрум карда шуда, барои чунин амал ҳатто ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад».
Сарвари давлат зимни суханронӣ бо ибрози нигаронӣ зикр карданд, ки аз рӯи баъзе маълумот, имрӯз дар дорухонаҳо маводи дорувории пастсифат, муҳлати истифодаашон гузашта, бо роҳи қочоқ ба ҷумҳурӣ воридгардида ва аз ташхис нагузашта ба фурӯш бароварда мешаванд.
Мухбири АМИТ «Ховар» Ибодат ДАВЛАТЗОДА ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, дар робита ба ин масъала бо масъулини сохторҳои гуногун ҳамсуҳбат гардид.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин КАМОЛЗОДА зимни суҳбат зикр намуд, ки баъд аз дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сохторҳои дахлдор гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.
«Гурӯҳи корӣ ҷиҳати таҳлилу омӯзиш ва баррасии Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таклифу пешниҳодҳои худро манзур намуда истодааст. Дар муддати 1 моҳ тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур мешаванд»,- зикр кард М.Камолзода.
Бино ба иттилои ҳамсуҳбати мо, тағйиру иловаҳои мазкур бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии сироятёбии сокинон ба ВНМО, пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ барои қочоқ ва фурӯши маводи дорувории пастсифат, ҷавобгарии табибон барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон аз ҷониби стоматологҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо роҳандозӣ гардидааст.
М. Камолзода зикр намуд, ки баъд аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба бандҳо ва қисмҳо вобаста ба пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифати доруворӣ ва ё ба таври қочоқ ҷазоҳо нисбатан шадидтар карда мешаванд.
Тавре дар суҳбат сардори шуъбаи назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Сарраёсати фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Рустам МИРЗОЕВ иброз дошт, аз тарафи Хадамот моҳи сентябри соли равон 21 ҳазору 423 кг маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯй набуда бо роҳи сӯзонидан нобуд карда шудаанд. Аз ин 13 ҳазору 641 кг бо санад гирифта шуда, боқимонда 7 ҳазору 782 кг маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, бо мактуб аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар ширкатҳои воридкунанда ба Хадамот супорида шудаанд.
Зикр карда шуд, ки дар назди Хадамот ташхисгоҳ фаъолият мекунад. Дар он сифати доруворию маҳсулотеро, ки аз ҷониби мутахассисон гирифта мешаванд, аз ташхис мегузаронанд.
Ба саволи мо дар мавриди он ки чаро тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ворид мешаванд, ҳамсуҳбат чунин посух дод:
«Сабаби асосии ба ҷумҳурӣ тариқи қочоқ ворид гардидани маводи доруворӣ ва бе ташхис дар муассисаҳо ба фурӯш баровардани он- ин баланд будани андоз аз арзиши изофа мебошад. Ин намуди андоз дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя озод мебошад ва ин ба воридоти қочоқ вобастагии калон дорад. Дар ҳолати ба таври қочоқ ворид гардидани маводи доруворӣ, албатта, он зери ташхис қарор намегирад ва бе гирифтани сертификати мутобиқат ба муомилот бароварда мешавад», — зикр намуд Р. Мирзоев.
Инчунин гуфта шуд, ки қочоқи маводи доруворӣ хусусияти оммавӣ надошта, балки аз тарафи баъзе шаҳрвандони алоҳида ба воситаи борхалтаҳо тариқи қатораю тайёраҳо амалӣ карда мешавад. Он дар баробари ба таври қонунӣ ба танзим даровардани воридоти маводи доруворӣ фоизи нисбатан камро ташкил медиҳад. Ошкор намудани онҳо танҳо пас аз гузаронидани санҷишҳои назоратӣ дар дорухонаҳо ва муассисаҳои тиббӣ муяссар мегардад.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, давоми соли равон 7 ҳолати воридоти ғайриқонунии доруворӣ ва ҷиҳози тиббӣ ба қайд гирифта шудааст. Оид ба ин ҳолатҳо 2 парвандаи ҷиноятӣ ва 5 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуданд.
Бино ба иттилои Хадамоти гумрук, аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи қарорҳои суд ба маблағи 6 ҳазору 551 сомонӣ ҷарима таъйин шуда, ба маблағи 6 ҳазору 620 сомонӣ молҳо мусодира карда шудаанд.
Аммо новобаста ба ин, ҳоло низ аз ҷониби шахсони алоҳида ҳолатҳои тариқи қочоқ ворид кардани дорувориҳо ба назар мерасанд.
Тавре муовини сардори раёсати назорати иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумруки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз БОБОХОНОВ иттилоъ дод, соли равон аз ҷониби масъулин ҳангоми гузаронидани санҷишҳо ду ҳолати ҷиноӣ, ки тариқи қочоқ ба ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ворид намудаанд, ба қайд гирифта шуд.
Бино ба иттилои Ф.Бобохонов, аввали соли равон шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ғайриқонунӣ ба миқдори махсусан калон 21 намуд маводи дорувории гуногунтамғаи истеҳсоли Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустонро пинҳонӣ ва бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардааст. Ин маводи доруворӣ ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯ набуданд.
«Инчунин чанде пеш дорухонаи №5 ҶДММ «Саховат-Истаравшан», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд аз назар гузаронида шуд. Ҳангоми санҷиш аз дорухонаи мазкур маводи доруворӣ ба маблағи 30 ҳазору 979 сомонӣ дарёфт гардид. Муайян карда шуд, ки ин миқдор мавод ғайриқонунӣ, бидуни назорати гумрукӣ ва пинҳонӣ аз чунин назорат ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд. Нисбат ба гунаҳгорон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд», — гуфт Ф.Бобохонов.
Бояд гуфт, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор барои сари вақт ошкор кардани чунин ҳолатҳо дар тамоми дорухонаҳо санҷишҳо гузаронида мешаванд.
Корманди дорухонае дар маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе Дилшода Саидова дар суҳбат бо мо гуфт, ки чанде пеш як гурӯҳ шахсони масъул ба дорухона барои тафтиш омаданд.
«Ба дорухонаи мо дар як сол чанд маротиба шахсони масъул омада, он дорувориҳоеро, ки дар фурӯшанд, аз тафтиш мегузаронанд. Чунин тафтиш чанд рӯз қабл гузаронида шуд, ки дар он намояндагони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ВКД ва нозирони минтақавӣ низ иштирок намуданд. Гурӯҳи корӣ ҳуҷатҳои корӣ ва дорувориҳоро аз назар гузаронида, муҳлати истифода ва гувоҳномаҳои онҳоро тафтиш намуд. Инчунин ҳангоми тафтиш масъулин ба ҳолати пешгирӣ аз сӯхтор низ аҳамият доданд», — гуфт Дилшода.
Мусоҳиби мо зимни суҳбат зикр кард, ки «дорувориҳоеро, ки дар дорухонаамон ба фурӯш гузошта шудаанд, аз ширкатҳои тиҷоратӣ дастрас мекунем. Бо ин ширкатҳо шартнома баста, доруҳои заруриро аз онҳо мегирем. Дар ҳолати паст будани сифати дору ё гузаштани муҳлати истифода ин доруҳо баргардонида мешаванд».
Ба саволи мо дар мавриди он ки ягон нафар доруи онҳоро бинобар қалбакӣ буданаш баргардонидааст ё не, мусоҳиб ҷавоби рад дод.
Вақтҳои охир нигаронии мардум аз паст будани сифати доруҳо бештар ба назар мерасад.
Ситора Қурбонова, як нафар сокини шаҳри Ҳисор аз паст будани сифати дору дар дорухонаҳои мамлакат изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки «ҳангоми бемор шудани модарам ё худам тибқи дорухати табибон доруҳои навиштаи онҳоро харидорӣ намуда, табобат мегирем. Аммо намедонам, аксарияти ин доруҳо қалбакӣ ва ё пастсифатанд, ки ба зудӣ таъсир намерасонанд». Ба гуфтаи Ситора, ӯ чанд маротиба дучори чунин ҳолат шудааст.
Чанд сокини дигари пойтахт низ зимни суҳбат бо мо изҳор доштанд, ки аз дорухонаҳо бо нархи гарон дору харида, истеъмол мекунанд, вале онҳо таъсири чандоне надоранд. Баъди ин намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд, то сифати доруи харидаи онҳоро санҷанд. Дорухонаҳо доруҳои нима истеъмолшударо қабул намекунанд.
Аз гуфтаҳои боло аён гардид, ки масъалаи вобаста ба воридоти доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдакона, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ҳангоми табобат ва хариди маводи доруворӣ, инчунин дигар маҳсулот ҷиддиву эҳтиёткор бошад ва дар сурати ошкор намудани ҳолатҳои тақаллуб, маводи дорувории пастсифату қалбакӣ ё муҳлаташ гузашта зуд ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба рақами 888 00 03 03 хабар диҳад.