Ҳунармандони Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба Самарқанду Бухоро ба сафари ҳунарӣ баромаданд
ДУШАНБЕ, 3.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 октябри соли равон гурӯҳи хунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо роҳбарии директори театр Лутфулло Давлатзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.
Тавре аз Театри академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни сафар ҳунармандони театр намоиши «Ҷиноят ва ҷазо»-ро ба мардуми Самарқанду Бухоро пешкаш менамоянд. Асари мазкур ба қалами Михаил Зошенко тааллуқ дошта, онро коргардон Абдукарими Машраб ба саҳна гузоштааст.
Ба иттилои манбаъ, намоиши таҳиянамудаи Абдукарими Машраб бозгӯкунандаи масъалаи доғи рӯз, яъне ба амалҳои коррупсионӣ даст задани шаҳрвандон мебошад. Қаҳрамони асосӣ, ки иштибоҳан аз ҷониби муфаттиш даъват мегардаду молу мулкаш аз ҷониби додарарўсаш фурўхтаву ғорат карда мешавад, дар аввал худ ба амалҳои коррупсионӣ даст мезад. Аз ин рӯ вай аввал барои тамошобин ҳамчун мансабдори порахўр муаррифӣ мегардад…
Бояд зикр кард, ки асар аҳамияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, коргардони намоиш ба воситаи асар ба ҳамагон мерасонад, ки ҳар амали ношоиста ҷавобгарӣ дошта, ягон ҷиноят бе ҷазо намемонад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






