Вокуниш ба матлаби АМИТ «Ховар» «Зимистони имсола барвақт дар мекӯбад»

Октябрь 13, 2018 10:48

ДУШАНБЕ, 13.10.2018 /АМИТ «Ховар»/.  10 октябри соли равон дар сомонаи АМИТ «Ховар» таҳти унвони «ЗИМИСТОНИ ИМСОЛА БАРВАҚТ ДАР МЕКӮБАД. Дар аксар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ омодагӣ ба давраи зимистон дар сатҳи паст ба роҳ монда шудааст» маводе ба нашр расид, ки дар он сатҳи пасти омодагии баъзе шаҳру навоҳии мамлакат ба давраи тирамоҳу зимистони имсола бо рақамҳо баён гардида буд.

Дар робита ба ин мавод дирӯз аз номи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Темурмалик Ш. Сатторов ба Агентӣ посух омад, ки дар он чунин гуфта шудааст:

-Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» чораҳои зарурӣ андешида, муассисаҳои таълимии ноҳия ба фасли зимистон ҳанӯз аз аввали анҷоми соли таҳсил омодагии ҷиддӣ гирифта, иҷрои саривақтии масъалаи мазкурро зери назорати қатъӣ қарор додаанд.

Дар назди шуъбаи маориф Ситоди махсус ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи зимистонгузаронии солҳои 2018-2019 таъсис дода шуд. Тибқи нақшаи зимистонгузаронии имсола, дар 52 муассисаи соҳаи маориф 168 тонна ангишт, 678м3 ҳезум ва 2969 литр сӯзишвории дизелӣ бояд захира карда шуда, 736м2 тирезаҳо шишабандӣ мегардиданд.

Сатҳи омодагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 хуб буда, то 11 октябри соли 2018-2019 муассисаҳои соҳаи маориф бо 168 тонна ангишт, 678м3 ҳезум ва 2969 литр сӯзишвории дизелӣ таъмин гардида, шишабандии тирезаҳо пурра ба итмом расонида шудааст, ки 100%-и нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад. Имсол барои харидорӣ ва захира намудани сӯзишворӣ аз буҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 184 111 сомонӣ ҷудо гардида, бо ин маблағ пурра маводи сӯзишворӣ харида шудааст.

Инчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия 532 адад печҳои аловӣ, 38 адад генераторҳои барқӣ ва 201 адад гармкунакҳои барқӣ ба давраи зимистонгузаронӣ омодаанд. Муассисаҳои таълимии №1, 3, 8, 9, 16, 35, 46 ва Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастори Танобчӣ бо дегҳои буғӣ гарм карда мешаванд.

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сарфа намудани қувваи барқ ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати насб намудани гармкунакҳо ва лампаҳои каммасраф дар тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия низ тадбирҳои амалӣ андешида шудаанд.

 

Октябрь 13, 2018 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии ҳунармандӣ баргузор мегардад
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад
ТАНИ СОЛИМ МАҲСУЛИ АҚЛИ СОЛИМ АСТ. Ва ё чаро баъзе доруҳо ба саломатии инсон зарари ҷиддӣ мерасонанд?
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Президенти Тоҷикистон ба хонаводаи афсари ҷонфидои миллат хонаи истиқоматӣ тақдим намуданд
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи январ чӣ гуна мешавад?
«МАҚОМИ ЗАН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид