ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕМ. Дар посдорӣ ва ҳимояти забони тоҷикӣ хидмати пешвои мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам низ хеле бузург аст
ДУШАНБЕ, 05.10.2018. /АМИТ «Ховар»/. Забон аз нишонаҳои асосии ҳастӣ ва ҳувияти ҳар халқу миллат ба шумор меояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар чандин нигоштаву баромадҳои худ ба ин нукта ишора намуда, аз ҷумла навиштаанд: «Забон барҷастатарин ва гӯётарин поя, шиноснома ва нишони бақои ҳар як халқу миллат аст». Ба ибораи дигар, маҳз забони тоҷикӣ аст, ки аз ҳастии миллати тоҷик дарак медиҳад ва ҳастии миллати тоҷик буда, ки дар харитаи олам давлате бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ намояд.
Забони тоҷикӣ, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми забони давлатӣ эътироф шудааст, аз қадимтарин забонҳои ҷаҳон маҳсуб ёфта, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Дар ин маврид дар яке аз куҳантарин китобҳои форсии тоҷикии садаи Х – «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» омадааст: «…забони порсӣ аз қадим боз донистанд – аз рӯзгори Одам то рӯзгори Исмоил пайғомбар (а) ҳама пайғамбарон ва мулукони замин ба порсӣ сухан гуфтандӣ…» (Тафсир, ҷ.1, 4). Агар ба сифати забони адабӣ ташаккул ёфтани забони тоҷикиро ба назар гирем, пас беш аз ҳазор сол мешавад, ки ин забон ба ҳукми забони расмӣ, идорӣ, коргузорӣ ва давлатӣ амал мекунад.
Дар таърихи банӣ башар кам иттифоқ афтодааст, ки забоне дар ин дарозои таърихӣ таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии худро ҳифзу нигаҳдорӣ намуда бошад. Ба таъбири дигар, имрӯз мо — тоҷикон меросе, ки бо ин забон ҳазор сол қабл иншо шудааст, аввалан, дар нусхаи асл мехонем ва сониян, асосан бе шарҳу луғатҳо мефаҳмем, ҳол он ки, аз як тараф кам забонеро метавон дарёфт, ки осори ҳазорсолаи хаттӣ дошта бошад, аз дигар тараф, дар сурати доштан ҳам, онро хонда наметавонанд ё худ рамзкушоӣ мекунанд, яъне то ҷое сохтори забон ва таркиби луғавии он тағйир хӯрдааст.
Чунончи мутобиқ ба таълимоти А.Х.Востоков, давраи қадими забонҳои славянӣ асрҳои IХ-ХIII мелодиро фаро мегирад ва осоре, ки аз ин давра ба мерос мондааст, бе шарҳу тафсирҳои махсус намефаҳманд. Аз ин дидгоҳ, дар давоми беш аз ҳазор сол тағйир наёфтани забони тоҷикӣ дар таърихи мавҷудияти забонҳои олам ҳодисаи нодир ба шумор меравад.
Забони тоҷикӣ дар давоми мавҷудияти худ чандин санҷишу имтиҳони таърихӣ ва даргириву яғмои аҷнабиёнро паси сар намуда, аз қаъри торики асрҳо то ба замони мо – садаи ХХI ҷон ба саломат овардааст. Ба таъбири Пешвои миллат, «Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих таймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдодони бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд».
Устод Лоиқ низ дар матлаи яке аз шеърҳои худ ишора ба ин таърихи фоҷиабори тоҷикон карда, чунин нигоштааст:
Ҷабри торих ягон қавм надидаст, ки мо,
Заҳри торих нажоде начашидаст, ки мо.
Профессор Акбари Турсон дар китоби арзишманди «Эҳёи Аҷам» таърихи забону фарҳанги миллиро варақгардон намуда, бо сӯзи дил ва як андоза ифтихор нигоштааст, ки тоҷикон «халқи ранҷпарварду мусибаткашида, вале зотан хуштолеъ»-анд (Эҳёи Аҷам, 139).
Барои боварӣ ҳосил намудан ба ин нукта варақгардон кардани чанд саҳфаи таърих кифоя аст, то бовар ҳосил кунем, ки воқеан ниёгони мо дар душвортарин ва ҳассостарин лаҳазоти умр дифоъ аз забони модарӣ кардаанд. Чунончи, арабҳо ба хоки Мовароуннаҳру Хуросон ҳуҷум намуда, баробари талаву тороҷи минтақа дар хонаи ниёгон раҳли иқомат афкандаанд, то аз ниёи мо назорат бурда, эшонро ба ислом дароваранд.
Муаррихи қуруни вусто Абӯбакри Наршахӣ дар ин маврид дар китоби «Таърихи Бухоро» менависад: «Қутайба чунон савоб дид, ки аҳли Бухороро фармуд, як нима аз хонаҳои хеш ба араб доданд, то араб бо эшон бошанд ва аз аҳволи эшон бохабар бошанд, то ба зарурат мусалмон бошанд…» (саҳ. 96). Ба эътирофи аҳли илм, бахусус Муҳаммадтақӣ Баҳор, нуфузи арабҳо ба Мовароуннаҳр ба ҳамон андозае буд, ки ба Мисру Сурия доштанд (Сабкшиносӣ, ҷ.1, 258), лекин бо вуҷуди ин натавонистанд, ки забону фарҳанги худро комилан барои порсизабонон ҷорӣ кунанд. Муҳимтарин пайкоре, ки ниёгони мо дар пойдории забону фарҳанги миллии худ карданд, аз он иборат буд, ки бо вуҷуди қабули оини нави ин «меҳмони нохондаву пуриштиҳо» (таъбир аз Баҳор) ононро маҷбур намуданд, ки Қуръон ба форсии тоҷикӣ тарҷума кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва аз рӯи нигоштаҳои Наршахӣ, дар яке аз масоҷиди Бухоро, ки соли 713 бино ёфта буд, Қуръон ба тоҷикӣ қироат менамудаанд. Дар ин маврид Наршахӣ менависад: «Ва мардумони Бухоро ба аввали ислом дар намоз Қуръон ба порсӣ хондандӣ ва арабӣ натавонистандӣ омӯхтан» (саҳ. 97).
Нуктаи дигар низ шоистаи зикр аст, ки дар посдорӣ ва ҳимояти забони тоҷикӣ хидмати пешвои мазҳаби ҳанафӣ — Абӯҳанифа Имоми Аъзам низ хеле бузург аст. Зеро мавсуф «забони модарии худ — тоҷикиро, — менависад Эмомалӣ Раҳмон, — ҳамчун забони дувуми ибодати динӣ, фаъолияти фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҷоиз дониста, ба хотири ҳифзу нигаҳдошти он асосҳои шаръиро таъин намуд». Илова бар ин, бо вуҷуди он ки замона — хунбору гӯши касон — гарон ва шогирдонаш Имом Абӯюсуф ва Имом Муҳаммади Шайбонӣ мухолифати шадиде зоҳир менамуданд, Имоми Аъзам ба форсии тоҷикӣ хондани намозро барои онҳое, ки арабӣ намедонанд, иҷозат дод. Дар баробари ин корҳои хайр порсизабонон тавонистанд, ки аъробро дар пазироӣ, эътироф ва омӯзиши забони порсӣ барангезанд ва ба нигоштаи Озартоши Озарнӯш аъроб аксар «ночор буданд аз ҷомаи арабӣ бадар омада ҷомаи эронӣ бипӯшанд» (Озарнӯш, 90).
Ба хотири идомаи ин суннат ва ошноӣ пайдо намудан аз арзишҳои маънавии умумибашарӣ амирони сомонӣ низ кӯшиши фаровон ба харҷ доданд. Чунончи, дар замони зимомдории Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ бо фатвои уламои дин яке аз тафсирҳои мӯътабар – «Тафсири Табарӣ»-и Ҷарири Табарӣ ва «Таърихи Табарӣ»-и ҳамин муаллиф аз арабӣ ба забони форсии тоҷикӣ тарҷума гардиданд.
Бо ин иқдом ва корҳои хайри дигар ниёгон беҳтарин ва арзишмандтарин дороии худ – забонро аз нобудӣ ҳифз намуда, нагузоштанд, ки чун забонҳои сурёниву мисрӣ ба боди фаромушӣ равад. Ба қавли «худованди дастур»-и забони форсӣ (таъбир аз Аҳмад Гулчини Маонӣ) Абдурраҳими Ҳумоюнфаррух, «…бо вуҷуди он ки беш аз сездаҳ қарн аст, ки забони арабӣ ба меҳмонӣ омадаву миқдори зиёде аз калимоти тозӣ миёни забони порсӣ раҳли иқомат афканда ва бо вуҷуди нуфузи маҳабиву сиёсӣ забони форсӣ асос ва шахсияти худро аз даст надодаву таъсири муҳиме дар ҳақиқати забону тарзи баён ва сохтмони калимоту охирбандиҳо ва сарфи афъол дида намешавад» (Дастури ҷомеъ, 10).
Даҳшатноктарин фоҷиа барои забони тоҷикиву миллати тоҷик садаи ХIII – ҳуҷуми аҷнабиён ба шумор меояд. Ваҳшонияту табаҳкории аҷнабиён ба дараҷае чашмнодиду гӯшношунид будааст, ки ҳамзабонону ҳамзаминон «маргро аз таҳаммули ин вазъ тарҷеҳ медоданд». Муаррихи қуруни вусто Ибни Асир, ки худ шоҳиди бевоситаи ваҳшонияту харобкории муғулон будааст, дар асари «ал-Комил-фӣ-т-таърих» вазъияти Бухороро чунин тасвир мекунад: «Бар замин хун равона шуд чунон ки аз фаровонии хун пои асп бар хок мелағжид» (ҷ.26, 143).
Генотсиде, ки аҷнабиён аз худ намоиш доданд, бешак, хавфи нобудии миллату забонро пеш оварда буд. Аз ин рӯ, соҳибзабонон боз хона ба «меҳмон» гузоштанду худ сар ба кӯҳу биёбон гирифта, «кӯҳро гаҳвораву сангро болини тифл» намуда, бо таълифи «Бӯстон»-у «Гулистон», «Маснавии маънавӣ»-ву «Девони кабир» ва садҳо осори дигар ин бор низ забонро аз нобудӣ раҳониданд. Ба таъбири академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, «мардуми тоҷик дар муборизаҳо обутоб ёфта, ҷонсахт шуда буданд ва ҳарчанд талафоти ҷониву молӣ бисёр медоданд, ба ҳар ҳол бо қувваи азими маънавӣ ва бартарии куллии фарҳангӣ тавонистанд дар нигаҳдошти худ муваффақ бошанд» (Пантуркизм, 66-67; Фитна, 66-67).
Саҳифаҳои таърихи мо – тоҷикон чунон пурхун, ҳузнангез аст, ки варақгардонии он ба гӯш овои шамшеру найза ва нолаҳои дилхароши ниёгонро меорад. Аз ин хотир, бо баёни ин ду рӯйдоди таърихи асрҳои миёна иктифо намуда, гуфтанием, ки парешониву нобасомонӣ ҳамеша ҳамдаму ҳампои забони тоҷикӣ будааст, чунончи ҳатто садаи ХХ низ барои забони тоҷикӣ ва дар маҷмӯъ миллати тоҷик тақдирсоз омад.
Ибтидои асри ХХ марҳилае дигари сарнавиштозе дар таърихи забони адабӣ ва миллати тоҷик пеш овард. Даврае, ки будан ё набудани тоҷикон ҳал мегардид, гурӯҳе ба ном «пантуркистон» ба майдони мубориза баромада, на фақат мавҷудияти забони тоҷикӣ, балки ҳастии тоҷиконро, умуман инкор мекарданд, ки бешак хилофи таърих буд.
Маҳз устод Айнӣ, А.Муҳиддинов, А.Ҳоҷибоев ва даҳҳо дигарон буданд, ки барои пойдорӣ ва ҳастии ин забон ва миллати парешон пофишорӣ намуданд. Чунончи, устод Айнӣ бо таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки соли 1926 дар Москва ба табъ мерасад, таърихи беш аз ҳазорсола доштани забони адабии тоҷикиро ба исбот расонида, бо ифтихор иброз дошт, ки «…ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо ба сабаби тасаллути Сомониён ё ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург бо номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост» (Намунаи адабиёти тоҷик, 7).
Агар гӯем, ки дар охири қарни ХХ истиқлолияти тоҷикон бо истиқлолияти забон оғоз ёфт, ҳаргиз ғалат нахоҳад буд. Зеро 22 июли соли 1989 тоҷикон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда ба забони худ мақоми давлатӣ дода, ҳуҷҷатеро бо номи «Қонуни забон» қабул намуданд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба хотири истеҳкоми пояҳои забони адабии миллӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Чунончи бо ибтикори бевоситаи Сарвари давлат соли 2008 «Соли забони тоҷикӣ» эълон гардида, ин санаи муҳими таърихӣ баробар бо 1150-солагии поягузори забони адабии тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид.
Бо дарназардошти меъёрҳои давлати соҳибихтиёр қонуни забон аз нав таҳия гардида, бо номи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5-уми октябри соли 2009) қабул гардид. Ба таъбири дигар, имрӯз дар ҷомеаи тозаистиқлоли мо тамоми имконият ва шароити мусоиди рушд барои забони адабӣ вуҷуд дорад.
Аз ин нуқтаи назар вазифаи мо – соҳибзабонон аз он иборат аст, ки забони модариамонро, ки нишон аз ҳастии мосту аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ такаллум бо онро аз ҳиндӣ афзал шуморидааст, покизаву гиромӣ дорем ба сарваташ дороиҳои нав афзуда ба пасояндагон мерос гузорем, зеро дар ин дунёи бешу камӣ қиматтар аз забон дороие надорем. Ба таъбири устод Лоиқ:
Забони модариро пос дорем,
К-аз модар варо мерос дорем.
Мӯсо ОЛИМҶОНОВ,
номзади илмҳои филология,
дотсенти кафедраи забони тоҷикии
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б.Ғафуров